Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни сохтмони иншооти гуногун дар ноҳияи Спитамен

12 феврали соли 2019 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Спитамен сафари корӣ анҷом дода, бо рафти бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ аз наздик шинос гардид.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки чун дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар ноҳияи Спитамен низ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони як қатор иншооти гуногун, аз ҷумла майдони Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобхонаи марказӣ ва осорхонаи миллӣ дар Ҷамоати шаҳраки Навкат, муассисаҳои таълимӣ, азнавсозии қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруш ва дигар корҳои ободонӣ ҷараён дорад.

Раиси вилоят дар аснои сафари корӣ раванди корҳои сохтмониро дар иншоотҳои зикршуда мушоҳида намуда, барои дар муҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ ба роҳбарияти ноҳия дастуру супоришҳо дод.

Худи ҳамин рӯз Раиси вилоят ба хоҷагии деҳқонии “Озодбек”-и Ҷамоати деҳоти Сарбанд ташриф оварда, бо кишоварзон суҳбат орост ва ба кишти картошкаи барвақтӣ оғоз бахшид. Иттилоъ дода шуд, ки соли равон тибқи нақша дар ноҳия дар масоҳати 150 гектар картошкаи барвақтӣ кишт карда мешавад. Деҳқонони хоҷагии деҳқонии “Озодбек” бошанд тасмим гирифтаанд, ки дар як гектар кишти картошкаи барвақтиро ба роҳ монанд.

Раиси вилоят ҳангоми суҳбат бо кишоварзон иброз дошт, ки кишоварзони ноҳияи Спитамен бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода намуда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ беш аз пеш саҳмгузор бошанд.

Ноҳияи Спитамен аз навоҳии аграрии вилоят маҳсуб ёфта, дар он беш аз 1500 хоҷагии деҳқонӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ноҳия 15 436 гектар замини корам мавҷуд аст, ки 12771 гектари он замини обӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Additional information