Ифтитоҳи тӯйхонаи «Навбаҳор» ва хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат

Шоми дирӯз Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим дар деҳаи Сариосиёи Ҷамоати деҳоти Сарбанд тӯйхонаи «Навбаҳор»-ро, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоти муосиртарин таъмин аст, ифтитоҳ намуда, дар хатнасури фарзандони оилаҳои камбизоат иштирок намуд.

Раиси ноҳия зимни ифтитоҳи тӯйхонаи мазкур иқдоми соҳибкори маҳаллӣ Баҳром Бозоровро, ки  бо харҷи 360 ҳазор сомонӣ давоми 2  соли охир иншооти номбурдаро сохта, 10 ҷойи кории нав таъсис додааст, амали шоиста ва қобили дастгирӣ арзёбӣ намуд.

Раиси ноҳия таъкид намуд, ки амалкарди ин соҳибкори бонангу номус ба соҳибкорони дигари ноҳия  бояд намунаи ибрат ва пайравӣ бошад.

Дар ин замина ба раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дастур дода шуд, ки вобаста ба бунёди иншоотҳои наву замонавии хизматрасонӣ якҷоя бо соҳибкорон корбарӣ намоянд.

Сипас ба чор нафар кӯдакони хушиқбол, ки бо ташаббуси соҳибкор Баҳром Бозоров хатнасур шуданд, аз ҷониби Раиси ноҳия тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуданд.

Зимни тӯҳфасупорӣ таъкид гардид, ки баргузор гаштани хатнасури кӯдакон гувоҳи рангорангии расму ойин ва пос доштани суннати дерини мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, баргузор намудани чунин маъракаҳо дар арафаи ҷашнҳо армуғони хуби идона мебошад.

Баъдан аз ҷониби санъаткорони мумтози ноҳия барномаи ҷолиби консертӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Aanvullende gegevens