Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор шуд

Дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия баргузор гардид, ки дар он аз 35 нафар вакилон 31 нафар иштирок доштанд. Ҳамчунин дар иҷлосия муовини Раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Қудрат иштирок ва суханронӣ намуд.

Ҳамчунин дар Иҷлосия мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шахраку деҳот ва намояндагони муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҷавонон иштирок карданд.

Иҷлосияро Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ифтитоҳ намуд.

Баъди интихоботи ҳайати котиботи иҷлосия вакилон масъалаҳои зерин баррасӣ намуданд:

- Ҳисоботи раиси ноҳияи Спитамен дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2016;

- Дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳияи Спитамен барои соли 2017;

- Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен (даъвати V) оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, соҳибкорӣ, сохтмон, ободонӣ ва хизматрасонии маишӣ;

- Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен (даъвати V) аз ҳавзаи интихоботии «1 май», №14 Неъматҷонов Fайратҷон Ҳайдарҷонович;

- Дар бораи ворид намудани тағйирот ба ҳайати комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен (даъвати V) оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, соҳибкорӣ, сохтмон, ободонӣ ва хизматрасонии маишӣ;

- Дар бораи муқаррар намудани меъёри андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ҳудуди ноҳияи Спитамен;

- Тасдиқи қарор ва амрҳои раиси ноҳияи Спитамен.

Насхуст Раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи соли 2016 ҳисобот дод.

Аз рӯи масъалаи рӯзномаи якум раиси ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев Саидзода Собирҷони Саид, сардори раёсати кишоварзии ноҳия Нурматов Бахтиёр ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Рӯдакӣ» №30 Fарибов Fолибҷон ба музокира баромада, фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро дар ин давра хуб арзёбӣ намуданд.

Дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳия барои соли 2017 маърӯзаи сардори раёсати молияи ноҳия Абдуллоев Алишер Абдукаримович ва раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет Тоҷимуродов Муҳсин шунида шуд.

Қайд гардид, ки лоиҳаи буҷети маҳаллии ноҳия барои соли 2017 аз рӯи хароҷотҳо ҳамагӣ 46 миллиону 970 ҳазор сомониро ташкил дода, дар он дархосту пешниҳодҳои муассисаҳои буҷетӣ, меъёрҳои амалкунанда бобати хароҷоти аввалиндараҷаи онҳо ва гузаронидани ислоҳот вобаста ба таҷдиди сохторию тартиби маблағгузории соҳаи маориф, тандурустӣ ва мақомоти идоракунии давлатӣ ба назар гирифта шудааст.

Тавре таъкид гардид ҳаҷми буҷети маҳаллии ноҳия дар соли 2017 нисбати буҷети соли 2016-ум 6,1 фоиз афзудааст.

Мувофиыи лоиҳа, дар соли 2017 ҷиҳати маблағгузорӣ ба соҳаи маориф 30 миллиону 910 ҳазору 758 сомонӣ, ба соҳаи тандурустӣ 10 миллиону 892 ҳазору 249 сомонӣ, барои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 229 ҳазор, хоҷагии манзилию коммуналӣ 818 ҳазор сомонӣ, чорабиниҳои фарҳангию оммавӣ ва варзишӣ 1 миллиону 576 ҳазору 877 сомонӣ, барои нигаҳдории мақомоти идоракунии давлатӣ 2 миллиону 49 ҳазору 797 сомонӣ ва барои тадбирҳои муассисаҳои соҳаи кишоварзц 258 ҳазору 270 сомонӣ пешбинӣ карда мешавад.

Доир ба масъалаҳои сеюм ва чоруми рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои рушди соҳаи саноат, соҳибкорӣ, сохтмон, ободонӣ ва хизматрасонии маишӣ Нарзуллоев Фаррух ва ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии «1 май», №14 Неъматҷонов Fайратҷон оид рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида шуд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ҳамчунин масъалаҳои панҷум, шашум ва ҳафтуми рӯзномаи иҷлосияро мавриди муҳокима қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Ҳамин тариқ, ҳамаи масъалаҳое, ки барои баррасӣ ба Иҷлосияи ҳаштуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен, даъвати панҷум пешниҳод шуда буданд, муҳокима ва вобаста ба ҳар яки он қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар оғоз ва анҷоми Иҷлосия Суруди миллӣ хонда шуд.

Aanvullende gegevens