Чорабинии идонаи солинавӣ дар интернати наздимактабии ноҳия

Бо иштироки Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ва муовини Раиси вилояти Суғд Файзуллозода Заробиддин Қудрат дар интернати наздимактабии ноҳия барои ятимон ва фарзандони оилаҳои камбизоат чорабинии идонаи солинавӣ баргузор шуд.

Нахуст Раиси ноҳия ва муовини Раиси вилояти Суғд тарбиятгирандагони ин муассисаро бо соли нави мелодӣ аз номи Раиси вилояти Суғд муборакбод намуда, ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.

Раиси ноҳия зимни табрик изҳор дошт, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсони яккаву танҳоро ҳамеша ба ғамхорӣ фаро гирифтааст.

Ин аст, ки ҳанӯз дар соли 2015 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат изҳор дошта буданд, ки «Ман ба кӯдакони ятиму бепарастор, маъюбону пиронсолони бесаробон ва иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ муроҷиат карда, изҳор менамоям, ки шумоёнро ҳаргиз хору зор шудан намемонам ва ҳеҷ гоҳ дар танҳоиву бесоҳибӣ намегузорам».

Баъдан тарбиятгирандагони муассисаи мазкур бо изҳори хушнудӣ чорабинии ҷолиби фарҳангиро манзури ҳозирин гардониданд.

Ҳамчунин барои тарбиятгирандагони муассисаи мазкур бо ҷалби сарпарастон дастурхонаи идона ороста шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки аз соли 2001 дар ноҳияи Спитамен интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат фаъолият менамояд, ки айни ҳол дар он 25 нафар ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Aanvullende gegevens