Табрики Раиси ноҳияи Спитамен ба муносибати Соли нави 2017

Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд лаҳза соли таърихии 2016, ки барои мардуми ноҳияи Спитамен соли бобарору пурбор, соли муваффақиятҳо ва хурсандиву хушҳолиҳо буд, ба китоби зиндагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, воқеаву руйдодҳои ин соли ҷашнӣ ҳамчун хотироти фараҳбахш абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Воқеан соле, ки сипарӣ шуд бо таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии ноҳияи Спитамен, сафари хотирмони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун соли беназир дар ёдҳо нақш баст.

Махсусан, охири соли сипаришудаистода, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ҳамчун соли таърихӣ фаромӯшношуданӣ гашт.

Бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ду корхонаи саноатии “Норд Азия Метал” ва “Спитамен Ойл”, инчунин муассисаи ғайридавлатӣ барои хонандагони болаёқати ноҳия ба дигар соҳибкорону сокинони ноҳия рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва соли 2016-ум 18 иншооти таъиноташ гуногун аз ҷумла, 2 мактаб, 1 кӯдакистони хусусӣ, 1 толори варзишӣ, 1 туйхонаи замонавӣ ва дигар биноҳои хизматрасонӣ бунёд шуданд.

Илова бар ин дар ин давра даромадгоҳи асосии ноҳия пурра навсозӣ гардида, симои дигарро касб намуд ва чароғонкунии кӯчаҳои марказӣ пурра анҷом дода шуд.

Ҳамчунин корҳои сохтмонию таъмирӣ ба маблағи 1 миллиону 450 ҳазор сомонӣ иҷро гардида, бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №9, 16, 30 таъмири МТМУ №11, №6 ва сохтмони системаҳои гармидиҳӣ дар муассисаҳои томактабӣ №1, №8, №14 ва №16 оғоз шуданд.

Боиси хурсандист, ки соли 2016 бо ҷалби сокинони ноҳия ва маблағгузорӣ аз буҷети маҳаллӣ дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати шаҳраки Навкат ва атрофи майдони “Ёдгорӣ барои шаҳидони ҶБВ” бо асфалти гарм мумфарш карда шуда, як қисми роҳҳои шаҳраки навбунёди деҳаи Андарсой ва деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Т.Улҷабоев, деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Куруш ва ғайра зиёда аз 8 км таъмири ҷорӣ карда шуданд.

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ баъди таъмиру тармим ва навсозӣ ифтитоҳ гардидани Қасри фарҳанги ноҳия низ яке аз армуғони хуби идона дар соли 2016 ба аҳли фарҳанг ва мардуми ноҳия буд.

Дар доираи татбиқи барномаи вилоятии “Соли 2016 – соли фарди солим” таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ ва таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ идома дошта, айни ҳол таъмиру тармим ва болопӯш намудани бинои беморхонаи марказии ноҳия ва шӯъбаи ҷарроҳии он аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ ба харҷи 278 ҳазор сомонӣ ба итмом расид.

Дар доираи татбиқи барномаи мазкур инчунин ба беморхонаи марказии ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дигар шахсони саховатманд як адад нақлиёти ёрии таҷлил тақдим карда шуд.

Ҳамчунин дар соли 2016 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо дастгирии соҳибкорон дар давраи ҳисоботӣ 3 тӯйи хайриявӣ гузаронида шуд, ки дар ин тӯйҳо 60 нафар писарбачагон аз оилаҳои камбизоат хатнасур шуданд.

Боварии комил дорам, ки чунин иқдомҳои неку созандаи бунёдкорона дар соли 2017 низ бо ҷалби сокинони ноҳия идома хоҳанд ёфт.

Ҳамдиёрони азиз!

Баҳри расидан ҳадафҳои олии давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мову Шуморо зарур аст, ки дар соли 2017 барои татбиқи вазифаҳои дар Паёми Пешвои миллат зикршуда, беш аз ҳарвақта бо дарки масъулияти баланди касбию хизматӣ ва бо зеҳну тафаккури наву созанда тамоми нерӯ ва имкониятҳои ҷойдоштаро баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия равона намоем.

Бо назардошти таърихӣ будани соли нави 2017, ки соли оянда 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил хоҳем намуд, тамоми сокинони ноҳияро ба муносибати фаро расидани Соли Нави 2017 шодбош намуда, ба ҳамагон саодатмандӣ, фараҳмандӣ, бароятон зиндагии пурсаодат, тандурустӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳои беназирро баҳри пешрафту шукуфоии диёри арҷмандамон орзу менамоям.

Итминони комил дорам, ки Соли Нави 2017 барои кулли мардуми шарафманди ноҳияи Спитамен соли навбатии таҳкими истиқлолияти кишвар, рушду нумӯи давлатдории миллӣ, соли дастовардҳои беназири сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, соли фатҳу кушоишҳои нав, соли файзу баракат ва бахту саодат, соли неку бобарор гардад.

Соли нав муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Aanvullende gegevens