Чорабинии идона ба муносибати соли нави мелодии 2017 баргузор шуд

Шоми дирӯз дар хиёбони «Спитамен»-и маркази ноҳия, ки арчаи солинавӣ дар он ҷо қомат афрохтааст, бо ширкати доираи васеъи мардум, ба муносибати соли нави мелодии 2017 чорабинии идона баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти ноҳия ва дигар шахсони расмӣ  иштирок доштанд.

Нахуст Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, кулли сокинони ноҳияро бо фарорасии соли нави мелодӣ муборакбод намуда, таъкид кард, ки соли 2016 ҳамчун соли бобарору пурбор, соли муваффақиятҳо ва хурсандиву хушҳолиҳо дар китоби зиндагӣ бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, воқеаву руйдодҳои ин соли ҷашнӣ чун хотироти фараҳбахш абадӣ боқӣ хоҳад монд.

Тавре таъкид гардид, таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии ноҳияи Спитамен, сафари хотирмони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Спитамен аз рӯйдҳои муҳими соли сипаришуда маҳсуб меёбанд. Инчунин зимни суханронии худ Раиси ноҳия изҳори умед намуд, ки соли нави 2017 низ барои кулли мардуми ноҳияи шарафманди Спитамен соли навбатии таҳкими истиқлолияти кишвар, соли дастоварду муваффақиятҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, соли фатҳу кушоишҳои нав, соли файзу баракат ва бахту саодат, соли неку бобарор мегардад.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳамдҷон Қобилов низ ҳозиронро бо соли нави мелодӣ шобдош намуда, ба сокинони ноҳия саломатии комил, умри бардавом, хонаи ободу рӯзгори шоду пурсаодат тандурустӣ, сарбаландӣ ва комёбиҳоро таманно намуд.

Баъдан аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия барномаи театрикунонидашудаи идона манзури ҳозирон гардонида шуд.

Aanvullende gegevens