Ҷаласаи кории Раиси ноҳия оид ба вусъати корҳо дар ҳамаи самтҳо

Субҳи имрӯз таҳти раёсати Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, бо иштироки муовинон ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, сардори раёсати кишоварзӣ, бахши меъморӣ ва шаҳрсозӣ, КФД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», муҳити зист ва дигар шахсони масъул ҷаласаи корӣ доир намуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои ташкили ҳашарҳои ниҳолшинонӣ, таҳияи нақшаи таъмиру тармими роҳҳо, варзишгоҳҳо ва клубҳо, ташкили мулоқоту вохӯриҳо бо ҷавонон ва сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар маҳалҳо, баргузории семинарҳои дастурдиҳӣ ба кишоварзон, иҷрои ҳатмии дурнамои кишти соли 2017, дар мӯҳлатҳои кӯтоҳтарин пурра ба анҷом расонидани шудгори заминҳо, татбиқи нақшаи генералии шаҳраки Навкати ноҳия ва ҷамъбасти маъракаи обуна то охири  моҳи январи соли ҷорӣ баррасӣ гардиданд.

Вобаста ба иҷрои масъалаҳои мазкур масъулини соҳаҳои дахлдор вазифадор гардиданд.

Доир ба шинонидани ниҳолҳои дарахтони ҳамешасабз қайд карда шуд, ки баробари мусоид шудани обуҳаво барои ниҳолшинонӣ аз тарафи бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия дар кӯчаҳои марказӣ 560 адад сафедор ва 100 санавбар шинонида хоҳад шуд.

Дар мавриди анҷом шудгори заминҳо қайд гардид, ки то имрӯз 78 фоизи майдони кишт шудгор шуда, рӯзҳои наздик шудгори заминҳо пурра анҷом дода мешавад.

Оид ба амалӣ намудани Нақшаи генералии Ҷамоати шаҳраки Навкати ноҳия бошад, зикр гардид, ки корбарӣ дар маркази ноҳия тибқи он идома дода шуда, назорати иҷрои амалӣ гардидани Нақшаи генералӣ таҳти тавваҷӯҳи махсус қарор дода хоҳад шуд.

Aanvullende gegevens