Баррасии масъалаҳои мубрами рӯз дар маҷлиси назоратии назди Раиси ноҳия

Имрӯз,  дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маҷлиси назоратии назди Раиси ноҳия таҳти раёсати Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим баргузор шуд, ки дар он асосан ду масъала – рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ва «Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2020» баррасӣ гардиданд.

Нахуст оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» гузориши муовини сардори филиали КФД «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия Баротов F.Н. шунида шуд.

Дар ҷараёни баррасии масъала Раиси ноҳия оид ба зиёд намудани корҳои тарғиботӣ вобаста ба суғуртаи ихтиёрӣ, ҷалби ҳарчӣ бештари сокинон ба суғурташавӣ, бештар намудани теъдоди хоҷагиҳои деҳқонии суғурташаванда, бештар намудани кормандони шартномавии филиали «Тоҷиксуғурта» дар ноҳия ба масъулин дастуру супоришҳо дод.

Сипас ҳисоботи мудири бахши ҳифзи муҳити зист дар ноҳия Ҷамолова Р.У. доир ба рафти иҷрои Барномаи давлатии комплексии рушди тарбия ва маърифати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2020 шунида шуд.

Тавре, ки таъкид гардид дар доираи татбиқи Барномаи мазкур корҳои тарғиботӣ ба сомон расонида шуда, корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Бо вуҷуди иҷро шудани корҳо дар ин самт то ҳол дар амалӣ намудани Барномаи мазкур камбудиҳо ба назар расида,  аз ҷониби бахши мазкур бинобар саривақт нагирифтани партовҳо нисбати шахсони масъул ба маблағи 29 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардидааст.

Ҷиҳати ҷоннок намудани корҳо дар ин самт дастуру супоришҳои мушаххас  дода шуд.

Aanvullende gegevens