Баргузории нишасти матбуотии Раиси ноҳия оид ба натиҷаҳои фаъолият дар соли 2016

Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия нишасти матбуотии Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим баргузор гардид, ки дар он намояндагони воситаҳои ахбории омма ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Акрам Мавлонов ширкат намуданд.

Нахуст Раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар соли 2016 ба кормандони воситаҳои ахбори омма ҳисобот дод.

Зикр гардид, ки нишасти навбатии матбуотии Раиси ноҳия, дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии худро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуда, самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии кишварро муайян намуданд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия низ дар парвати дастуру супоришҳое, ки Пешвои миллат дар Паёмҳои қаблии худ баён намуда буданд, дар соли таърихии таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии ноҳия корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Тавре таъкид гардид, дар ин давра қисми даромади буҷет 97,2 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 41 миллиону 662 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд ва соли 2016 бобати бартарафкунии бақияпулиҳои қарзи андоз як қатор тадбирҳо андешида шуда, то санаи 1 декабри соли 2016 қарзи андозупорандагони ноҳия дар назди буҷети давлатӣ 5 миллиону 542 ҳазор сомониро ташкил дод, ки он нисбати 1 январи соли 2016-ум 1 миллиону 940 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

Қайд гардид, ки айни ҳол дар ноҳия 26 корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, соли 2016-ум 4 корхонаи истеҳсолӣ таъсис дода шуд, ки истеҳсолоти он дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ба роҳ монда шудааст.

Сипас сармуҳаррири ҳафтаномаи “Паёми Спитамен” Фирӯз Боқӣ оид ба фаъолияти корхонаи саноатии “Спитамен-текстайлз” ва дурнамои он, сармуҳаррири нашрияи “Махзани маърифат” Обиди Мансур доир ба таҳияи энсиклопедияи ноҳияи Спитамен, мухбири махсуси “Радиои Тоҷикистон” Санавбар Мақсудова вобаста ба таъминоти сокинон ба оби тозаи нӯшокӣ, ҷонишини сармуҳаррири ҳафтаномаи “Паёми Спитамен” Зулайхо Fоибназарова роҷеъ ба бунёди осорхона ва китобхонаи марказӣ, мухбири нашрияи “Суғд ҳақиқати” Алишер Дӯстматов дар бораи таъсиси коргоҳи коркарди партовҳо дар ноҳия ва мухбири ҳафтаномаи “Паёми Спитамен” Ато Боқӣ бобати нақшаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар Соли ҷавонон суолҳо дода, аз Раиси ноҳия посуҳ гирифтанд.

Дар охири нишасти матбуотӣ Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим изҳор дошт, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша омода аст, ки бо воситаҳои ахбори омма ҳамкории судманд дошта бошад.

Aanvullende gegevens