Мулоқоти Раиси ноҳия бо ҷавонон дар доираи эълони шудани соли 2017 – Соли ҷавонон

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соли 2017 – Соли ҷавонон эълон шудааст ва бо пешниҳоди Пешвои миллат қабул шудани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид “Даҳсолаи байналмиллалии амал  “Об барои рушди устувор, 2018-2028” имрӯз мулоқоти Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим бо ҷавонон баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони Раиси ноҳия, мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳо иштирок намуданд.

Нахуст ҳисоботи муовини Раиси ноҳия Диларбо Раҳимӣ оид ба рафти иҷрои корҳо дар самти  ҷавонон шунида шуд.

Қайд гардид, ки айни ҳол дар ноҳия 51 ҳазору 900 нафар ҷавонон зиндагӣ намуда, аз онҳо 27 ҳазору 490 нафарро ҷавондухтарон ташкил медиҳанд.

Аз 53 нафар кадрҳои роҳбарикунандаи ноҳия 6 нафарашон ҷавон ва аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 3 нафар ҷавонон буда, дар баробари ин дар ноҳия зиёда аз 2 ҳазор нафар ҷавонон дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия кору фаъолият намуда истодаанд. 

Дар соли 2016 дар ноҳия 142 чорабинӣ байни ҷавонон гузаронида шуда, аз он 90 вохӯрӣ бо ҷавонон оид ба пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша, семинар-тренингҳо, маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон, консерти “Садои дил”, озмунҳои ноҳиявии «Хонандаи сол», «Омӯзгори ҷавони сол», «Табиби сол», «Сипар», «Бунафша» ва дар умум 44 чорабинии варзишӣ дар маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, гузаронида шудааст, ки дар онҳо дар маҷмӯъ беш аз 40 ҳазор ҷавонон иштирок намудаанд.

Баъдан раиси суди ноҳия Лоиқ Зикрзода, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия Муҳаммадиев М.С., ҷонишини комиссари ҳарбии ноҳия майор Абдурауф Турсунов баромад намуданд.

Сипас ҷавонони фаъоли ноҳия, аз ҷумла омӯзгори ҷавон Ботиралӣ Ашӯралиев, чемпиони ҷаҳон оид ба намуди каратэ-до Зоир Тӯрабоев, табиб ва адиби ҷавон Наим Бобоев, муассиси маҳфили хушдилон ва ҳозирҷавобон Акмал Алиматов, маъюби гурӯҳи дуюм, варзишгари наврасу муваффақ Маҳмудҷон Азимов, овозхон ва санъаткори ҷавон Нодирабегим Усарзода ва хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14, варзишгари ҷавон Мубина Эшонқулова таклиф ва пешниҳодҳои худро оид ба рушди соҳаи ҷавонон баён доштанд.

Раиси ноҳия қайд намуд, ки ҳар таклифу пешниҳоди ҷавонон мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор дода шуда, дар доираи имконияти мавҷуда ҷиҳати амалӣ намудани онҳо кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

Инчунин Раиси ноҳия масъулини соҳаҳои дахлдорро доир ба бештар намудани тарғиботу ташвиқот дар байни ҷавонон, интихоб ва тарбияи лидерҳои ҷавонон дар кумитаи маҳаллаҳо ва деҳаҳо, чораҷӯӣ баҳри тарбияи кадрҳои ҷавон ва ҳавасмандкунии онҳо, барқарорсозии фаъолияти хонаҳои фарҳанг, клубҳо махсусан дар деҳот, инчунин китобхонаҳо ва дар онҳо баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ, бо ҷалби соҳибкорони бонангу номус ва бунёди майдончаҳои варзишӣ дар маҳаллаву деҳаҳо вазифадор намуд.

Aanvullende gegevens