Иҷлосияи IХ Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен (даъвати V)

Санаи 27 апрели соли 2017-ум дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи окимияти давлатии ноҳия Иҷлосияи IХ Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (даъвати V) баргузор гардид. Иҷлосияро раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ифтитоҳ бахшид. Суруди миллии ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

Дар Иҷлосия аз 35 нафар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен  31 нафар иштирок карданд. Инчунин, дар Иҷлосия, мудирони шуъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иштирок доштанд.

Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия С.Саидзода, О.Сотиболдиева ва Н.Бобоев, ба ҳайати котиботи Иҷлосия интихоб шуданд. Вакилон рўзномаи  Иҷлосияро тасдиқ карданд.

Дар Иҷлосия 5 масъала, аз ҷумла, рафти иҷрои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2016-2017», ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен оид ба масъалаҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, масоили оила ва ҳифзи модару кудак, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен аз ҳавзаи интихоботии “Навоӣ-32”, Ю.Ибрагимова, оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва тасдиқи қарору амрҳои раиси ноҳия дида баромада шуд.

Аз рўи масъалаи 1-уми Иҷлосия сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳия  Р. Ҷамолова доир ба рафти иҷрои «Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолии ноҳияи Спитамен барои солҳои 2016-2017» суханронӣ намуд. Қайд гардид, ки дар ин самт як қатор корҳо ба сомон расонида шуданд. Чунончи, дар соли 2016 барои ташкили ҷойи корӣ ба 57 нафар 229376 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуда, 180 нафар бо роҳи касбомўзонӣ, 339 нафар бо роҳхати Агнетӣ ва дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ ба 19 нафар 74000 сомонӣ  қарзҳои имтиёзнок дода шудаанд. Соли 2017-ум ба 96 нафар бекорон кумакпулӣ дар ҳаҷми 135450 сомонӣ маблағгузорӣ пешбинӣ гардида, дар давоми 4 моҳи соли равон ба 15 нафар бекорон кумакпулӣ таъин гардида, ба 45 нафар ба маблағи 14816 сомонӣ кумакпулӣ пардохт карда шуд.

Баъдан, раиси Ҷамоати деҳоти Куруш Э. Норалиев , раиси Ассосиатсияи соҳибкорони ноҳия Ф. Нарзуллоев ва дигарон маърўза карда, доир ба пешравиҳои соҳа ва ҳалли муаммоҳои ҷойдошта ақидаҳои худро баён доштанд.

Аз рўи масъалаи якуми  рўзномаи Иҷлосия қарори дахлдор қабул гардид.

Доир ба масъалаи 2-юми Иҷлосия ҳисоботи раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен оид ба масъалаҳои тандурустӣ, таъминоти иҷтимоӣ, масоили оила ва ҳифзи модару кўдак Шафоат Эшонқулова шунида шуд. Мавсуф доир ба фаъолияти комиссия дар самти сиҳатии омма, саломатии модару кўдак, таъминоти иҷтимоӣ ва пойдории оила фикру мулоҳизаҳои худро баён дошт.

Сипас, аз рўи масъалаи 3-юми Иҷлосия ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии «Навоӣ-34”, Ю. Ибрагимова шунида шуд.

Дилрабо Раҳимӣ, муовини раиси ноҳия аз руи масъалаи 4-уми  Иҷлосия баромад намуда, қайд кард, ки дархости Комиссияи номгузории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба номгузории обеъктҳои физикию ҷуғрофӣ ирсол гардидааст.  Дар он доир ба тағйир додани номи деҳаи Янгиободи ҷамоати деҳоти ба номи Т.Ўлҷабоев ба деҳаи Навдеҳ, оид ба тағйир додани номи маҳалли аҳолинишини  Горний ба номи Доманакуҳ  ва номгузории яке аз кўчаҳои шаҳраки Навбунёди Спитамени деҳаи  Андарсойи ҷамоати деҳоти Т. Ўлҷабоев ба номи иштирокчии Ҷанги Бузурги  Ватанӣ Бегмат Шерматов пешниҳод гардид. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ин дархостро якдилона дастгирӣ намуданд.

Аз рўи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири кори Иҷлосия қарор ва амрҳои раиси ноҳия тасдиқ гардиданд. Аз рўи ҳама масъалаҳо қарорҳо қабул карда шуд.

Дар кори Иҷлосия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яқубӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Бо садо додани  Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори Иҷлосия ба поён расид.

Aanvullende gegevens