Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба муносибати 72-солагии Иди Ғалаба барои расонидани табрикот ва кӯмаки яквақтаинаи моддӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ вохӯрӣ баргузор гардид.

Ба ин вохӯрӣ Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ташриф овард.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим вохӯриро ифтитоҳ намуда, ҳамагонро бо иди Ғалаба табрик кард. 

Сипас Абдуллозода Аҳтам Рустам сухани табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин расонида, онҳоро бо рӯзи Ғалаба табрик кард ва кумаки яквақтаинаи Сарвари давлатро ба  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  аз Ҷамоати шаҳраки Навкат Холматов Абдувалӣ, аз Ҷамоати деҳоти Тағояк Бердиёров Юлдош, аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол Қобилов Назирбобо супорид. Инчунин, ба хонаи иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Ҷамоати деҳоти Т. ӯлҷабоев Юсупов Худойқул рафта, аёдат намуда, аз номи Сарвари давлат табрик карда кумакпулиро супорид.

Бояд тазаккур дод, ки дар ноҳия 4 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, 6 нафар заматкашони ақибгоҳ ва 1 нафар шахси бесаробонмонда мебошад. 

 

Aanvullende gegevens