Табрики раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ба муносибати 72-солагии Иди ғалаба дар ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат!

Имсол тамоми мардуми тараққипарвари олам дар остонаи ҷашни бошукўҳи 72-солагии иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 қарор дорад. Таҷлили ҷашни 72-солагии иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 дар соле мегузарад, ки тамоми мардуми кишвари азизамон, Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар остонаи истиқболи ҷашни таърихии 20-солагии Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истодааст. 

Шумо падарони шуҳратманди азизро, ки баҳри ҳимояи Ватан солҳои 1941-1945 ҷангида, бо фатҳу зафар ва сари баланд баргашта, имрўз даврони пирӣ мегузаронед, ба муносибати 72- солагии иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шахсан аз номи худам, самимона табрику таҳният менамоям.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷанговарони ноҳия бо амри виҷдон ба фронт рафта, баҳри озодии Ватани маҳбуб ҷонашонро нисор карданд ва бар зидди истилогарони фашистӣ мубориза бурда, Ғалаба ба даст оварданд.  Аз ҷасорату мардонагӣ ва қаҳрамонии шумо падарони зафарманд ва иштирокчиёни ақибгоҳ, ҳарчанд 72-сол гузашта бошад, чун ҳоло пеши назар буда, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш нашудааст. Маҳз тавассути ҷонсупорию қаҳрамониҳои шумо мардуми сайёра аз истилои фашизм озод гардида, ба рўзҳои нек расид. Мо аз шумо ифтихор дорем, ки баъди ҷанг низ бо меҳнати созанда ва бунёдкорона дар ҷабҳаҳои гуногун баҳри барқарор кардани харобаҳои ҷанг ва ҳаёти фирўзи мардум  хизмати софдилона намуда будед.

Мо бо нафароне, ки барои ҳаёти имрўз, барои ҳаёти фаровони ҷавонон ва ояндаи Ватан мубориза бурда, матонат нишон дода, ҷони худро қурбон кардаанд, як қисмашон дар ақибгоҳ дар рафъи оқибатҳои ин ҷанг меҳнат карда, пояи хоҷагии халқ, саноат, сохтмон ва кишоварзӣ, муассисаҳои иҷтимоиётро рост намуда, дар ин роҳ ҳалок шудаанд, фахр мекунем ва ба хизматҳои беназири онҳо миннатдорӣ баён намуда, сари таъзим фуруд меорем. Агарчи шумо чанд сол инҷониб дар нафақа бошед ҳам, ҳамеша дар пешрафту тараққии кишвар насли ҷавонро раҳнамову маслиҳатгар мебошед. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баҳри беҳдошти зиндагии шумо мунтазам ғамхорӣ менамоянд. Вобаста ба ин, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва маъюбон бо тамоми имтиёзҳо фаро гирифта шудаанд ва аз онҳо бархўрдор мебошанд.

Баҳри абадӣ намудани хотираи мардони ҷонфидои Ватан дар маркази ноҳия ва деҳаҳои он лавҳаю муҷассамаҳои ёдгорӣ гузошта шудаанд, ки ин на танҳо ифодагари ҳурмату эҳтироми мо ба падарони муборизи худ мебошад, балки абадигардонии хотираи онҳо ва ба ин васила тарбияи насли наврас дар рўҳияи ватандўстӣ ва ҳифзи ифтихори миллӣ мебошад.

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Бовар ба он дорам, ки шумо бо истифода аз таҷрибаи бузурги ҳаётии худ ва бо панду насиҳатҳои судманди худ ба наврасону ҷавонон, барои устувор намудани аркони давлатдорӣ, иқтидори мудофиавии мамлакат, рушди иқтисодиву иҷтимоии он, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандўстии ҷавонон, ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ саҳми арзанда мегузоред. 

Бори дигар, ҳамаи шумо ва тамоми мардуми ноҳияро бо рўзи Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрик намуда, дар соли пурфайзи таҷлили ҷашнҳои таърихии 20-солагии Ваҳдати миллӣ, 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба ҳамаи шумо саломативу хушбахтӣ, рўзгори обод ва сулҳу осоиш орзу дорам.

Иди Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!

 

Aanvullende gegevens