72-солагии ҷашни ғалаба дар сатҳи баланд таҷлил гардид

Сол аз сол аз ҷониби Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату ҳукумат нисбати бобоёну падарони мо, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамониҳои бемислу монанд нишон дода, халқи оламро аз истилои фашизми гитлерӣ эмин нигоҳ доштанд, ғамхориҳои зиёд зоҳир гардида истодааст.

Санаи 9 май, раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим бо намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирокчиёни ҷБВ-ро дар назди бинои МИҲД-ноҳия пазируфта, ба онҳо аз номи раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ва раиси ноҳия туҳфаҳои пулии идона тақдим карда шуд.

Баъдан, иштиркчиёни ҶБВ-ро, ки шумораашон хеле кам мондааст, бо ифтихор ва қадршиносӣ дар нақлиётҳои якрангаи тамғаи «Хундай Саната» шинонида, аз ду тараф мотосиклронҳо, ки дар барашон парчами мамлакат партавафшонӣ менамуд, сўи майдони Ғалаба, ки аз тарафи кормандони КДФ “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” бо гулҳои тару тоза ифодаи солҳои ҷанги Бузурги Ватаниро дошт, оро ёфта, оташи ҷовидони шуълавар ва низомиёну хонандагон бо эҳтиром саф истода буданд, роҳ пеш гирифтанд. Дар ту тарафи роҳ сокинони ноҳия бо рўҳияи болида ва парафшонии парчами давлатӣ падарони шуҳратмандро истиқбол карданд. Дар даромадгоҳи театри ноҳия ҳунармандони театр як лаҳза саҳнаи ҷолиберо, ки дар он нақши Сталин бозида шуда буд, манзури томошабинон карданд.

Иштирокчиёни ҶБВ ва меҳмононро дар Майдони Ғалаба бо танини мусиқии ҷангӣ пешвоз гирифтанд. Иштирокчиёни чорабинии бошукуҳ ба пояи муҷассамаи ёдгории шаҳидон гулчамбарҳои тару тоза монда монда, дақиқае хомуш поси хотири шаҳидони ин ҷангро гиромӣ доштанд.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим падарони шўҳратманди диёрро ба муносибати 72-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ табрику таҳният намуд. Намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштирокчиёнро аз номи раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ муборакбод гуфт. Баъди табрикот аз тарафи сарбозони қисмҳои низомии ноҳия саҳнаҳои ҷолибу муҳорибаҳои ҳарбӣ бо маҳорати баланд намоиш дода шуданд.

Қисми тантанавии иди Ғалаба бо оростани дастархони идона барои иштирокчиёни ҷанги Бузурги Ватанӣ, оилаҳои дар ин ҷанг бесаробонмонда, ҷанговарони байналмилал, чернобилчиён, муҳофизони сохти конститутсионии кишвар, оилаҳои дар ҷанги шаҳрвандӣ фарзандгумкарда ва меҳмонон дар маҷмааи хизматрасонии “Заррина”-и ҷамоати деҳоти Куруш идома ёфт.

Баҳри болидахотирии табъи ҳозирин ҳунармандони театр ва санъаткорони мумтози ноҳия бо саҳначаи даврони ҷанг, шеъру сурудҳои ҷаззоб баромадҳои хеле ҷолиб намуданд.

Aanvullende gegevens