Маҳфил бахшида ба Рӯзи байналмилалии Оила

Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии Оила» ва эълон гардидани «Соли 2017-Соли Ҷавонон» дар Хиёбони Спитамени ноҳия бо мақсади тарғибу ташвиқи оилаи солим, маърифати одоби оиладорӣ, устувории оилаҳои ҷавон таҳти унвони «Оила рукни муқаддаси зиндагист» маҳфили идона бахшида ба Рӯзи Оила баргузор гардид.

Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ҳозиринро шодбош гуфта қайд кард, ки мақоми оила дар ҳар давру замон дар ҷодаи таъмини рушди устувори ҷомеа, тарбияи насли солим назаррас буда, дар мафкураи ҷомеа ҳамчун шоҳсутуни зиндагӣ, пояи давлат, омили рушду нумуъ эътироф гаштааст. Оила – гаҳвораи инсон, макони нахустини сабзишу парвариши фарзанд аст. Оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад.

Баъд бо иштироки оилаҳои намунавӣ ҷавон ва оилаҳое, ки солҳои тулони ҳамзистии хушбахтонаро ба сар мебаранд ва барои оилаҳои ҷавон намунаи ибратанд, маҳфил гузаронида шуд.

Дар ин маҳфил аз Ҷамоати шаҳраки Навкат оилаи Ҳазратқуловҳо коргар, аз Ҷамоати деҳоти Т.ӯлҷабоев оилаи Олимовҳо ғолиби озмуни оилаи беҳтарин дар ҷумҳурӣ, аз Ҷамоати деҳоти Истиқлол оилаи Расуловҳо омузгор, аз Ҷамоати деҳоти Тағояк оилаи Мамуровҳо табиб, аз Ҷамоати деҳоти Сарбанд оилаи Абдураҳмоновҳо оилаи ҷавон, аз Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин оилаи Мухторовҳо собиқадори меҳнат иштирок намуданд. Дар рафти маҳфил ҳамаи оилаҳо ба саволҳои додашуда ҷавоб гуфтанд.

Аз тарафи санъаткорони номӣ Соҳибназар Саидов сарояндаи ансанбли «Дарё-и назди радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва санъаткорони ноҳия сурудҳои дилангез пешкаши иштирокчиёни маҳфил гардонида шуд.

Аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ба иштирокчиёни маҳфил, ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва модароне, ки фарзандонашон ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтаанд тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои тақдим карда шуд.

Aanvullende gegevens