Табрики раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ба муносибати рўзи ҷавонони Тоҷикистон

Таҷлили Рўзи ҷавонон, ки рамзи шодиву сурур, сарбаландиву ҷавонист, ҳамасола дар таърихи 23 май барпо мегардад, як навъ арҷгузорӣ ба нақши созанда ва нерўи навовар будани ҷавонони кишвар аст.

Ин тадбир, қабл аз ҳама, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад ва давлату ҳукумати ҷумҳурӣ ҷавононро воқеан чун табақаи асосию ояндасози ҷомеа эътироф намудааст. Фаро расидани Рўзи Ҷавонони Тоҷикистонро аз номи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳамаи ҷавонони сарбаланди ноҳия табрику таҳният гуфта, бароятон пирўзиву шодкомӣ, беҳтарин хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.

Дар ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёди мо ҷавонон қувваи бузурганд ва мо ҳам такя ба онҳо намуда, баҳри ободии диёру осудагии мардум кўшиш ба харҷ медиҳем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон эътибори хоса  зоҳир менамоянд ва ҷавононро ояндаи миллат меноманд. Бо пешниҳоди Сарвари давлат дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардидани соли 2017 - Соли ҷавонон далели гуфтаҳои болост. Бо ин мақсад, барои ҷавонон тамоми шароитҳо фароҳам оварда мешаванд, то тафаккури солим ва малакаи зеҳнии онҳо барои пешрафт ва рушду нумўи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакатамон самаранок сафарбар гардад.

Имрўз таҳкими иқтидори иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоии мамлакатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур намудан душвор аст. Ҷавонон ҳамчун нерўи тавонои ақлӣ ва ҷисмонӣ дар тақдири

мамлакат нақши муҳим бозида метавонанд. Ҷавонони ноҳия баҳрипешрафти соҳаи варзиши ноҳия дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб гардида, Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардоштаанд, ки ин ифтихори мост. Имрўз дар ноҳия ҷавонон зиёда аз 51 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, ки онҳо дар фазои сулҳу ваҳдат шукронаи истиқлолият намуда, таҳсилу фаолият доранд. Вобаста ба Рўзи ҷавонони Тоҷикистон дар ноҳия ҳафтаи ҷавонӣ ва якчанд чорабиниҳои варзишӣ гузаронида шуда истодаанд, ки дар он ҷавонон фаъолона иштирок менамоянд.

Имсол Рўзи ҷавонон дар соле таҷлил мегардад, ки кулли мардуми кишвар дар остонаи таҷлили 20-солагии Ваҳдати миллӣ қарор дошта, аз сулҳу ваҳдат шукргузорӣ менамоянд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, минбаъд низ ғамхориро нисбати ҷавонон зиёд намуда, шароити мусоид фароҳам меоварад, то ки онҳо ба таҳсили хуб, кору зиндагӣ ва рўзгори ободу шоиста таъмин гарданд.

Бори дигар, ҳамаи ҷавонони ноҳияро ба муносибати Рўзи ҷавонони Тоҷикистон табрик гуфта, бароятон саломатии бардавом, умри дароз, осмони соф, бахту иқболи баланд, сулҳу оромӣ, тинҷию амонӣ, файзу баракат, азму иродаи қавӣ ва сарбаландӣ орзу менамоям.

Рўзи ҷавонони

Тоҷикистон муборак!

Aanvullende gegevens