Мулоқоти Раиси ноҳияи Спитамен бо сокинони ҷамоати Турсун Улҷабоев

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаю чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар толори маҷлисгоҳи ҷамоати деҳоти Т. Улҷабоеви ноҳияи Спитамен доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ ва роҳу усули пешгирии онҳо, таҳким додани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо сокинони деҳа вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин вохурӣ раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим, ёрдамчии прокурори ноҳия Сатторзода Суҳроб, сардори шӯъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен Мақсудов Қобилҷон, сардори ШВКД-и дар ноҳия Зуҳурзода Шамсиддин, Раиси Суди ноҳия Зикирзода Лоиқ иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар мулоқот фаъолон, сокинони деҳаҳои Ҷамоати мазкур, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии деҳа, занон, ҷавонон, раисони кумитаи маҳалла ва имомхатибон низ иштирок доштанд.

Вохӯриро раиси ноҳия Сулаймонзода А. Р ифтитоҳ намуда. аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки бархе аз ҷавонони ноҳия бо ҳар гунна роҳу восита ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ ва ғайриқонунӣ ҳамроҳ шудаанд, ки ин амали онҳо боиси ташвиши ҷомеа ва коста гардидани обрую эътибори кишвар дар арсаи олам мегардад.

Сардори КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардори ШВКД ҶТ дар ноҳия, ёрдамчии прокурори ноҳия, раиси Суди ноҳия ва имомхатиби ноҳия дар назди ҳозирин доир ба гаравидани бархе аз ҷавонони ноҳия ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнӯъ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқоти дар ин самт ва ташкили чунин вохуриҳо бо мардуми маҳал суханронӣ намуданд ва таъкид доштанд, ки барои баргардонидани чунин ҷавонон бетараф набошанд бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.

Дар поёни вохӯрӣ раиси ноҳия аз сокинони деҳа, фаъолони ҷомеа, устодони мактабҳо даъват ба амал овард,, ки дар ҳар як вохуриву чорабиниҳо дар ин боб бо волидайн суҳбатҳо гузаронида, дар таълиму тарбияи ҷавонон беаҳамиятӣ зоҳир накарда, онҳоро дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ тарбия намоянд. Саривақт ҷавонони гумроҳро аз роҳи хато бозгардонида, ба забономӯзӣ, варзиш, ҳунарҳои миллӣ ва касбу коре онҳоро раҳнамо гарданд.

Aanvullende gegevens