Тарғиби нуқтаҳои асосии мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз таҳти раёсати муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ, бо иштироки мудирони шӯъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, намояндагони шӯъбаи маориф, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, намояндагони иттиҳодияҳои динӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо оид ба тарғиби нуктаҳои асосии мӯҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар мулоқот доир гардид.

Мавсуф қайд намуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат «Соли 2017-соли ҷавонон»  эълон гардида, кулли ҷавонони ноҳияро рӯҳбаланд намуд.

Аз ин рӯ, бояд ҷавонони ноҳия дар соли нави мелодӣ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри ободиву шукуфоии Ватани маҳбуб софдилона меҳнат намуда, амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти кишвар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Зеро танҳо дар даврони Истиқлолият тамоми шароитҳои мусоид барои ҷавонон муҳайё гардида, алҳол зиёда аз 30 ҳазор нафар ҷавонони лаёқатманд аз ҳисоби давлат дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи хориҷӣ таҳсил мекунанд.

Ҳамчунин мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Пиров П., директори МТМУ №3 Олимова Ф., муовини раиси Ҷамоати деҳоти Куруш Қӯҷқорова М. ва сархатиби ноҳия Исмоилов Б. баромад намуда, фикру мулоҳизаҳои худро оид ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён намуданд.

Aanvullende gegevens