Аёдати собиқадорони меҳнат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия

Имрӯз намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия собиқадорони меҳнатро аёдат намуда, ба онҳо паёми табрики Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ расонида, тӯҳфаҳои солинавиро тақдим намуданд.

Зимни аёдат ба Маҷнунова Каромат – собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Истиқлол, Ҷабборов Абдурашид – собиқадори соҳаи кишоварзӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Куруш, Умаров Турсунмурод – собиқадори соҳаи тандурустӣ, сокини Ҷамоати деҳоти Сарбанд, Раҷабов Эркин – собиқадори соҳаи сохтмон, сокини Ҷамоати шаҳраки Навкат, Худойқулов Ином – собиқадори соҳаи молия, сокини Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев ва Юлдошев Мамаҷон – собиқадори соҳаи хоҷагии қишлоқ, сокини Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Тӯраев Иномҷон аз хизматҳои шоистаи таҳсини онҳо ёдоварӣ намуда, ҳамчунин арзи сипос ва табрикоти Раиси ноҳия Суламаймонзода Акрам Раҳимро низ баён намуд.

Дар навбати худ собиқадорони меҳнат бо шукргузорӣ аз даврони истиқлолият ва сулҳу субот дар кишвар, ки бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омодаанд, зикр намуданд, ки ҳамеша омода ҳастанд баҳри тарбияи кадрҳои ҷавон саҳмгузор бошанд.

Aanvullende gegevens