Аёдати оилаҳои камбизоат аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳия

Дар арафаи иди соли нави мелодӣ аз ҷониби кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар ноҳия як қатор оилаҳои камбизоату бепарастор аёдат ва ба онҳо тӯҳфаҳои солинавӣ ва маводҳои хӯрока дастрас карда шуд.

Тавре, ки аз  КИ ҲХДТ дар ноҳия иттилоъ доданд, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Насруллоев О. якҷоя бо кормандони кумитаи иҷроия як қатор оилаҳои камбизоат ва бепаростор – Ҷалилов Ҳусейн, Қурбонов Нумон, Турдимуродова Гулноза, Раҳмонов Мурод, Самадов Абдувоҳид, Абдуллоева Бисоро, Каримова Майрам, Яҳёева Шаҳодат, Сиддиқова Анорҷон, Дадабоева Дилафруз, Дадабоева Дилдораро бо маводьои хӯрока, кӯмакҳои моддӣ ва тӯҳфаҳои солинавӣ аёдат  намуданд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия Насруллоев О. ба аёдатшавандагон таманниёти солинавии роҳбарияти оли ҲХДТ ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоятро расонд.

Аз чунин таваҷҷӯҳҳ аёдатшавандагон даст ба дуо бардошта, бо шукргузорӣ, изҳори сипосмандӣ намуданд.

Aanvullende gegevens