Маъракаи ниҳолшинонӣ дар ноҳияи Спитамен

Дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сарсабзу хуррам гардонидани Тоҷикистон ва соли 2017 эълон гардидани Соли ҷавонон дар ноҳияи Спитамен як қатор корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва ташкили дарахтшинони хусусан дарахтони сояафкан ва ташкили боғу токзор ба роҳ монда шудааст.

Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ноҳия зиёда аз 600 бех ниҳолҳои дарахтони санавбар ва 600 бех дарахти сафедор шинонида шуд.

Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ҷавонон фаъолона иштирок намуда, дар канори роҳҳои маркази ноҳия ниҳолҳои сояафкани арча шинонгданд.

Чунин ҳашари ниҳолшинонӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия гузронида шуда, дар лаби роҳҳо ва шоҳроҳ дарахтони сояафкан шинонида шуд.

Аз ҷумла дар маркази ноҳия аз тарафи сокинони Ҷамоати шаҳраки Навкат, дар тарафи кучаи Дӯстӣ, аз тарафи КФД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ноҳия дар майдони «Fалаба»-и ноҳия, шоҳроҳи Хуҷанд-Душанбе аз тарафи хоҷагии деҳқонии «Сурхзамин» дарахтони сояафкан шинонида шуд.

Дар ноҳия маъракаи ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ идома дорад.  

Aanvullende gegevens