Баргузории ҷаласаи ҷамъбастии бахши кор бо занон ва оила

Дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия маҷлиси ҳисоботӣ оид ба фаъолияти бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия гузаронида шуд.

Дар ҷаласа муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ, намояндаи мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бобоҷонова С., раисони ҷамоатҳо, мудирони шӯъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони муассисаҳои маориф, фарҳанг ва тандурустӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлис мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Холмуродова И.Б. ҳисобот оид ба фаъолияти бахш ҳисобот дод.

Сипас Ҳакимова Г. – и.в. мудири бахши САҲШ-и ноҳия, Эшонқулова Ш. – мудири шӯъбаи таваллудхонаи марказии ноҳия, Холиқова М. – раиси Шӯрои занони шӯъбаи маорифи ноҳия, Юсупова Б. – собиқадори меҳнат, аъзои «Суди рафиқона»-и ноҳия ба музокира баромадаанд.

Дар охир намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, раиси маркази ҷамъияти «Гулрухсор» Бобоҷонова Сабоҳат ва муовини Раиси ноҳия Дилрабо Раҳимӣ баромад намуда, оиди фаъолгардонии нақши занон, тарбия ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, беҳтар гаштани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини иштироки занон ва духтарон дар раванди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва маориф ба таҳсилу шущл фаро гирифтани духтарон ба зинаи сеюм, таълим ва тарбияи насли наврас бо ҳисси баланди ватандорӣ, қадршиносӣ, пешгирии зӯроварӣ ва хушунат нисбати занон, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби худкушӣ ва сӯиқасд ба он, пешгирии даст задани духтарон ва занон ба ҷиноят, амалӣ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон» суханронӣ кард.

Дар маҷлис рӯйхати гуруҳи мушоҳидон, аъзоёни раёсат, аъзоёни «Суди рафиқона» ва қарори ҷаласаи ҷамъбастии бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия қабул карда шуд

 

Aanvullende gegevens