Ваҳдати миллӣ: нақш ва аҳамияти он

Имсол ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон бист сол пур мешавад.

Ба шарофати ба имзо расидани ин Созишномаи тақдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон – гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва дар ин асос ба эътидол овардани фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон ва рушди онҳо оғоз намоем.

Ба миллати тоҷик борҳо хатари парокандагию нобудӣ таҳдид карда, давлатҳои эҷодкардааш рў ба завол шуда, вале дар тўли бештар аз ҳазор сол худро аз маҳвшавӣ наҷот дода, то ба истиқлолияти миллию давлатӣ расид.

Дар охирҳои солҳои 80-ум ва аввали 90-уми асри гузашта, таҳти таъсири қувваҳои беруна омилҳои дохилие ба вуҷуд омаданд, ки барои ташаккули андешаҳои зиддидавлатӣ мусоидат мекарданд ва эҳсоси ифтихори миллӣ ва талаби адолати иҷтимоиро ба самти экстремизми сиёсию динӣ ва миллатгароию маҳалгароӣ равона менамуданд. Баъди соҳибистиқлол гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо хеле авҷ гирифтанд.

Тавре ҳамагон дар ёд дорем, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлол гаштани ҷумҳуриамон гурўҳҳои алоҳидаи сустиродаи кишварамон таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи доираву нерўҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриамонро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ ва баъдан ба кашмакашиҳои мусаллаҳона кашиданд. Вале табиати сулҳҷўёна ва характери миллии тоҷикон, ки ҳамеша ба гузашт ва созиш моил аст, агарчи дар таърихи гузашта боиси аз даст додани манфиатҳои ҳаётӣ шуда буд, ин дафъа барои дарки манфиатҳои умумимиллӣ мусоидат кард.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ оғози гардиши куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Дар муддати бист сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар кишвари мо решаи мустаҳкам давонд ва боровар гардид. Имрўз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд. Дар бораи аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвари соҳибистиқлоламон Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Созишномаи умумӣ аз лиҳози аҳамияти фавқулодаи худ бо Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон ба таври расмӣ истиқлол ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас Созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт».

Бесабаб нест, ки созмонҳои байналмилалӣ, доираҳои илмӣ ва сиёсии кишварҳои ҷаҳон таҷрибаи сулҳи тоҷиконро меомўзанд, онро ҳамчун падидаи нодир ва боарзиш дар таърихи сулҳофарини байналмилалӣ донистаанд. Бояд қайд кард, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ дар тамоми ҷаҳон раванди хатарноки муқобилгузории тамаддунҳо авҷ гирифта истодааст, ки инсониятро ба гирдоби таҳлука тела медиҳад. Тамоми донишмандони инсонпарвар ва сиёсатмадорони дурандеш аз ин ҷараён дар ташвишанд. Воқеаҳое, ки бо номи «инқилобҳои рангин ё худ махмалӣ» машҳур гаштаанд, ба мардум ва ҳукуматҳои он давлатҳо ба ивази демократия мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳанги ва гуманитариро ба вуҷуд овардааст. Механизмҳо ва василаҳои амалисозии ин инқилобҳо ба воқеаҳои Тоҷикистони мо хеле монанд ҳастанд.

Бархўрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурўҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд ба қадри сулҳу суботи кишварамон бирасем ва ҳамчунин дар ҳифзи истиқлолият саҳми муносиб гузошта, арзишҳои сулҳу ваҳдати миллиро ҳифз намоем.

Дар ин раванд сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар, бахусус, мақомоти судиро зарур аст, ки бештар аз ҳама дар ҳифзи арзишҳои истиқлолияту ваҳдати миллӣ фаъол бошанд. Феълан мақомоти судии кишвар ҷиҳати таъмини адолати томи иҷтимоӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои мардум, муассисаю корхона ва ташкилоту созмонҳо ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидаанд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ татбиқ ва ислоҳоти судӣ марҳала ба марҳала амалӣ мегардад. Дар ҷараёни татбиқи ин барнома бо назардошти рушди ҷомеа, механизми ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун, эҳтироми инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамчун арзиши олӣ тадриҷан ташаккул меёбанд. Дар ҳамин ҳол, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳисоб меравад.

 Н.Садриддинзода,
 муовини раиси суди ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens