Нозияхон — ғолиби озмун

Санаи 16 май дар толори муассисаи таҳсилоти томактабии № 10-и ноҳияи Спитамен дар ҳамкорӣ бо шуъбаи маориф даври аввали озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” бахшида ба Рўзи байналмилалии ҳифзи кўдакон ва ба муносибати 20-солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ, Соли ҷавонон, Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 байни 10 муассисаи таҳсилоти томактабии ноҳия гузаронида шуд.

Мақсад аз ташкил намудани озмуни мазкур баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳо, густариши ҳамкориҳои тарафайн, ташаккули ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти насли наврас, бедор кардани ҳисси эҷодкории кўдакон, дар онҳо парваридани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва ба роҳи маърифат раҳнамунсозии онҳо мебошад. Озмун аз панҷ шарт иборат буда, бо иштироки 10 нафар тарбиятгирандагони кўдакис-тонҳо баргузор шуд. Нозияхон Ризоева (дар акс) аз МТТ 1 бо 99,5 хол ғолиби даври аввали озмуни “Шукуфаҳои Истиқлол” гардид.

Дар интиҳо аз тарафи директори китобхонаи марказӣ Дилфуза Шамсиева иштирокчиён ва ғолибони озмун бо туҳфаҳои хотирмон ва ифтихорномаҳо сарфарозонида шуданд.

Aanvullende gegevens