Пешгирии сўхтор ҳангоми ғунучини ғалладона ва хошоки дурушт

Нозироти назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтори ҚМ 8-уми ҲХДО оиди ба муҳофизати шаҳраки Навкат ба маълумоти ҳамаи раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шаҳрвандони ноҳия мерасонад, ки дар ҳудуди ноҳия чорабиниҳои комплексӣ аз рўи амалиёти “ғАЛЛА — 2017” ҷорӣ карда шудааст.

Бинобарин, баҳри пешгирии ҳодисаҳои нохуши сўхтор ва беталаф ба анҷом расонидан ғунучини зироатҳои ғалладона ва хошоки дурушт аз ҳама талаб карда мешавад, ки:

- бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуши сўхтор, дар якҷоягӣ бо нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сўхтор, нозирони минтақавии шуъбаи корҳои дохилӣ, санҷишҳои мукаммал гузаронида, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, тадбирҳои мушаххас андешида шаванд;

- то оғози мавсими ҷамъоварии зироатҳои ғалладона ва хошоки дурушт тракторҳо, автомобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиётро, ки барои ғунучин сафарбар карда мешаванд, бо   воситаҳои оташнишонӣ таъмин карда шаванд;

- пеш аз пухта расидани зироатҳои ғалладона майдонҳое, ки дар назди роҳҳои нақлиётгард ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон ҷойгиранд, дар масоҳати 4 метр шудгор карда шаванд;

- дар арафа ва мавсими ҷамъоварии зироатҳои ғалладона ва хошоки дурушт аз ҳисоби кормандони мутасаддӣ, гурўҳҳои посбонии муҳофизат аз сўхтор, дастаҳои ихтиёрии бехатарӣ аз сўхтор ташкил карда шавнд;

- роҳбароне, ки дар ихтиёрашон нақлиётҳои махсуси оташнишонӣ ва дигар воситаҳои оташнишонӣ, манбаҳои обии    оташнишонӣ (ҳавзҳо) доранд, аз санҷиши назоратӣ гузаронида, ба ҳолати тайёрӣ бо об пур карда шаванд.

- сипари оташнишонӣ бо асбобу лавозимоти аввалиндараҷа, ҳатман будани 2 адад оташхомўшкунаки дастӣ, зарфи пур аз об, сатил, бел, лом, рег, қум, қатъи назар аз будани ҳавз, дар наздикӣ зарфи пуроб ва ғайра зарур аст.

Дар ҷойҳои намоёни бошишгоҳ навиштаҷотҳое, ки барои пешгирии оташ даъват мекунанд, овехта шаванд. Ҳатман вобаста кардани шахсони масъули бехатарӣ аз сўхтор, ки дорои маълумотанд, зарур аст.

Аз раисони ҷамоатҳо, кумитаҳои маҳаллаҳо талаб карда мешавад, ки:

- кўфтани ғалла дар қади роҳҳои нақлиётгард, назди хонаҳои истиқоматӣ манъ карда шавад;

- бо мақсади сари вақт хомўш намудани сўхтор дар маҳаллаҳои аҳолинишин ташкили ҳавзҳои    оташнишонӣ ва нигоҳдории онҳо бо об, роҳҳои даромад ва баромади нақлиёти оташнишонӣ чорабиниҳо андешида шавад.

Аммо афсўс, ки мавриди санҷиши ҳолати бехатарӣ аз сўхтор дар баъзе бошишгоҳҳо ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ба ин масъалаи муҳим аз тарафи роҳбарон аҳамияти ҷиддӣ дода намешавад.

Ҳангоми ба амал омадани сўхтор бо телефони мобилӣ бо рақами 101, *01 ё ин, ки (83441) 2-22-54 занг заданро фаромўш накунед.

К.ИСМОИЛОВ,
муҳандиси калони ГНДБС ҚМ 8-уми
ҲХДО оид ба муҳофизати шаҳраки Навкат,
лейтенанти калони хизмати дохилӣ

Aanvullende gegevens