Чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии ноҳияи Спитамен

Имрӯз дар асоси нақшаи кории кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Спитамен дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи марказии ноҳия чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба 20-солагии Ваҳдати миллӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар чорабинии мазкур мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҳалилзода Набиҷон, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллоев, намояндаи МИҲД-и ноҳия Мирсаидов У, кормандони кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва зиёда аз 120 нафар ҷавонон ва кормандони Беморхонаи марказии ноҳия иштирок намуданд. Сараввал вакили ноҳиявӣ, Наимҷон Бобоев чорбаниро ифтитоҳ бахшида, суханро ба сармутахассиси бахши ҷавонон ва иттилоот Муҳитдинова У дод. Дар баромади худ Муҳитдинова У бо ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ ва «Рӯзи - ҷавонон» ҳозиринро аз номи тамоми ҳизбиён табрик намуда, оиди таърихи истиқрори Сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон маърӯза намуд.

Сипас аз тарафи хонандагони МТМУ №4 ва ЛКТ-68 оиди Сулҳу Ваҳдат, Пешвои миллат, Тоҷикистон, Ватан шеърҳои пурмазмун қироат карда шуд.

 Қисми фарҳангии чорабиниро хонандагони Муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо навозишҳои зеб доданд.

 Баъд намояндаи МИҲД-и ноҳия Мирсаидов У суханрони намуда аз номи раиси ноҳия Сулаймонзода А. Р иштирокчиёни чорабиниро бо ҷашнҳои дар пешистода табирик намуд. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи вилояти Суғд ба сухан баромада аҳли нишастро бо фарорасии ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ табрик намуда, доир ба нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эълон гардидани соли 2017 «Соли Ҷавонон» ғамхориҳои падарона ва тавҷҷӯҳи Пешвои миллат нисбати ҷавонон, чор ҳадафи асосии сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикисон гуфта гузашт.

 Дар охир ба 10 нафар аъзоёни нави ҳизб, ки бо амри дили худ барои шомил шудан ба сафи ҳизб ариза нависта буданд дар вазъи тантанви шаҳодатномаҳои ҳизби супорида шуд.

Aanvullende gegevens