МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 21 ноябри соли 2003, таҳти №460 ба хотири гиромидошти Қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен, ноҳияи Нов – Спитамен номгузорӣ гардид.

Ноҳияи Спитамен 29 сентябри 1926 ҳамчун ноҳияи Нов дар округи Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта, моҳи сентябри соли ҷорӣ 90-солагии таъсисёбии ноҳия таҷлил хоҳад шуд.

Собиқ ноҳияи Нов (ҳоло Спитамен) табиати зебоманзар дошта, обу ҳавои дилнишини он, ба ҷисму ҷони одам ҳаловат мебахшад. Табиати ҳамешабаҳору ҳамешасабзи ноҳия дилҳои инсонро ба ҷӯшу хуруш меорад. Ободӣ ва зебоии ноҳия, боғҳои он ба инсон шодию хурсандӣ меорад.

Хоки ноҳия зархез буда, пирони барнодилу хирадманд, ҳунармандони гулдаст, деҳқонони асил, писарони далеру ватандӯст, гулдухтарони боақлу соҳибҷамол зиндагии шоиста доранд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки Спитаман (порсии бостон: Spitamana, 370 то милод — 328 то милод) шахси таърихӣ, сипаҳсолори суғдӣ ва раҳбари шӯриши суғдиён ва балхиён бар Искандар (Александр) дар соли 329 то милод буд.

Таҳти раҳбарии Спитамен ва ёрии сакоҳо ин шӯришро яке аз муҳимтарин корзор дар ҷанг бо юнониён кард. Аммо сардорони сакоҳо бар Спитамен хиёнат карданд ва ӯро аз тарси Искандар дар соли 328 то милод куштанд. Аммо шӯриш ҳамчунон то соли 327 то милод идома ёфт.

Духтари Спитамен — Апама - ҳамсари Селевк I Никатор, яке аз сипаҳсолорони Искандар ва бунёдгузори дудмони Селевкӣ, буд.

Ноҳияи Спитамен яке аз минтақаҳои куҳанбунёд ва таърихии сарзамини тоҷикон буда, номи деҳаи калонтарини ноҳия – Куркатро қисме аз таърихнигорон бо номи Куруши Кабир ва истеҳкоми мудофиавии ӯ – Курушкада вобаста медонанд, ки имрӯз собиқ Ҷамоати деҳоти Куркат номи Курушро дорад.

Таърихнигорони юноние, ки Искандари Мақдуниро дар кишваркушоиҳои ӯ ҳамроҳӣ мекарданд, доир ба муҳорибаи шадид ва мудофиаи қалъаи Киропол, яъне Курушкада аз ҷониби сокинони шаҳр ва корнамоиву фидокориҳои бесобиқаи сарлашкари тавоно Спитамен ёдоварӣ намуда, сифатҳои наҷиби ватандӯстӣ ва истиқлолхоҳии мардуми ин марзу бумро зикр кардаанд.

Гарчанде муборизаҳои шадиди истиқлолхоҳӣ ва ватандӯстии ниёгони мо таҳти сарварии Спитамен оқибат ба шикасту бебарориҳо дучор шуда бошад ҳам, корнамоиҳои бемислу монанди онҳо дар саҳифаҳои таърих то ба рӯзгори мо расидааст.

Заминҳои ноҳияи имрӯзаи Спитамен ба ҳамин ҳудудҳо мувофиқ меоянд ва мардуми ноҳия низ ворисони сазовори ниёгон будани худро бо истифодаи оқилонаи замин, посдории оини киштукор, муҳаббату садоқати бепоён ба марзу буми аҷдодӣ собит менамоянд.

Бо тақозои таърих, дар натиҷаи марзбандиҳои солҳои 20-уми асри гузашта ин ноҳия ба минтақаи сарҳадӣ табдил ёфт ва сокинонаш тӯли даҳсолаҳо арзишҳои волои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ва анъанаҳои беҳтарини ҳусни эҳтиром ва ҳамсоягиву ҳамҷавориро риоя менамоянд.

Маҳз дар ҳамин ноҳияи сарҳадӣ ба хотири арҷгузорӣ ба фарҳангу забони ӯзбек Театри давлатии драмаи ӯзбекӣ амал мекунад, ки номи ҳунарпешаи машҳур Шукур Бурҳоновро дорад.

Чунонки зикр шуд Спитмен яке аз Қаҳрамонони миллии тоҷикон аст ва ёди ӯ бо нишони Спитамен ва номи ноҳияи Спитамен пос дошта мешавад.

Ноҳияи Спитамен — дар ҳудуди вилояти Суғд ва дар шимоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Маркази ноҳия шаҳраки Нов (Навкат) буда, 28 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Аз Спитамен то Душанбе 294 км роҳ аст.

Ноҳияи Спитамен дар масоҳати 355,7 км2 дар водии Фарғона ҷой дорад.

Дар шимол бо ноҳияи Мастчоҳ, дар шарқ бо ноҳияи Ҷ.Расулов, дар ғарб бо ноҳияи Ғончӣ ва шимолу ғарб бо ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳамсоя ва дар ҷануб бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон дар шимол бо шаҳри Бекободи Ҷумҳурии +збекистон ҳаммарз аст.

Маркази маъмурии ноҳия Ҷамоати шаҳраки Нов (Навкат) ба шумор рафта, ҳамчунин дар ноҳия Ҷамоатҳои деҳоти Турсун +лҷабоев (собиқ Нов), Тағояк, Куруш (собиқ Куркат), Сарбанд (собиқ Қӯштегирмон), Истиқлол (собиқ Оқтепа) ва Хуррамзамин (собиқ Фармонқӯрғон) мавҷуданд.

Айни ҳол дар ноҳия 32 муассисаии таҳсилоти миёнаи умумӣ, литсей, 12 муассисаи томактабӣ, 1 мактаби хусусӣ, 1 интернати наздимактабӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мебарад.

Дар ноҳия як варзишгоҳи марказӣ бо 5 ҳазор ҷойи нишаст ва майдончаи варзишии замонавӣ мавҷуд аст.

Муассисаи давлатии театри драммавӣ-ӯзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳия ва боғи фарҳанги истироҳатӣ дар хизмати сокинон ва меҳмонони ноҳия қарор доранд.

Дар ноҳия ҳамчунин 25 корхонаи саноатӣ ва                                  9 ассотсиастсияи истифодабарандагони об мавҷуд аст, ки бо истеҳсоли маҳсулоти ниёз мардум машғуланд.

Таҳлилҳои муқоисавӣ 5 соли охир нишон медиҳанд, ки агар соли 2010-ум дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта бошанд, пас дар соли 2016-ум 25 корхонаи саноатӣ таъсис дода шудааст, ки афзоиши корхонаҳои саноатӣ дар панҷ соли охир 2,5 баробар зиёд мебошад.

Мавқеи роҳбариву корбарӣ дар ноҳияи Спитамен дар доираи  сиёсати дарҳои кушодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, имрӯз мардуми сарбаланди ноҳияи Спитамен хушу хурсандона машғули бунёдкориву созандагӣ кору зиндагӣ мекунанд.

Ба хотири гиромидошти номи Қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен дар маркази ноҳия, дар масоҳати 0,80 га хиёбони «Спитамен» соли 2013 тариқи ҳашар бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Хиёбони мазкур, ба макони истироҳату фароғати сокинони ноҳия табдил ёфта дар он 1 фаввора ва чор айвонча (беседка) мавҷуд мебошад.

Дар атрофи майдон ҳамчунин нишастгоҳҳо барои истироҳати сокинони ноҳия гузошта шуда, дар ҷойи намоёни гулгашт пайкараи қаҳрамони тоҷик Спитамен бо баландии чор метр қомат афрохтааст.

Қафои пайкараи Спитамен бо сутунҳо, ки бо шакли нимдоира гузошта шуда, баландиашон 4 метра ва девор, ки дар он нақшу нигораҳои замони ориёиҳо таҷассум гаштаанд, иҳота гардидаанд.

 Даромадгоҳи хиёбон низ  бо сутунҳои баландиашон 4 метра, ки он ҳам ба таври нимдоира иҳота гардида, майдони хиёбон сабзапӯшу гулзор аст.

Маҳз туфайли роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат имрӯзҳо сокинони ноҳия ба дастовардҳои назарраси меҳнати ноил гардида истодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба масъалаи вусъати корҳои ободонию созандагӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва боиси хурсандист, ки соҳибкорони бонангу номус ва кулли  сокинони  ноҳия дар корҳои бунёдкорӣ саҳм мегузоранд.

Айни ҳол бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати саривақт ва дар фосилаи кӯтоҳ ҳаллу фасл намудани муроҷиати шаҳрвандон, пешгирии ҳаргуна амалҳои корруписонӣ дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ошёнаи якуми бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ куллан навсозӣ гардида, барои қабули шаҳрвандон тариқи равзанаи ягона мутобиқ гардонида шуд.

Қобили қайд аст, ки амалӣ намудани лоиҳаи мазкур иқдоми нахустин дар татбиқи Консепсияи ташаккули іукумати электронӣ дар Ҷуміурии Тоҷикистон буда, ҳамаи кормандони дастгоҳи раиси ноҳия дар марҳилаи минбаъда тариқи шабакаи дохилӣ бо ҳам мубодилаи электронӣ хоҳанд намуд.

Соли 2016 чунин равзанаи ягона дар нозироти андози ноҳия ташкил карда шуда, ташкили ҳамин гуна равзанаи ягона дар минтақаи истгоҳи роҳи оҳани ноҳия низ дар назар дошта шудааст.

Афрохта шудани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, дар майдони Ваҳдати маркази ноҳия бо баландии пояаш 32 метр, ба ҳусни ноҳия симои нав зам намуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки тибқи маълумоти оморӣ шумораи аҳолии ноҳия сол аз сол афзоиш ёфта, агар соли 2010-ум 116 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас соли 2016 шумораи аҳолии ноҳия ба 132,3 ҳазор нафар расидааст, ки аз ин шумора 66,8 ҳазор нафарро мардон ва 65 ҳазор нафарро занон ташкил медиҳанд.

Дар баробари афзоиши таббии сокинони ноҳия соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия низ рушд менамояд.

Чунончӣ агар соли 2010 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия 164331 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2015 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳия ба 257174 миллион сомонӣ ва дар шаш моҳи соли 2016 ба 61288 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки афзоиши он дар  муқоиса бо соли 2010 соли 2016-ум 1,5 баробар зиёд аст.

Таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми ноҳия низ дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дошта, дар муқоиса бо соли 2010, ки шумораи умумии хоҷагиҳои деҳқонӣ 409 ададро ташкил медод, пас соли 2016-ум шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ ба 890 адад расонида шуд, бештар аз як баробар зиёд аст.

Музди маоши миёнаи кормандони соҳа низ аз 159,66 сомонии соли 2010, дар соли 2016 ба 571,19 сомонӣ расонида шудааст, ки муқоиса бо панҷ соли пеш соли ҷорӣ 3,5 баробар зиёд аст.

Дар гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳо низ фаъолият назаррас аст.

Чунончӣ агар соли 2010-ум 48931,6 ҳазор сомонӣ гардиши моли чакана дар ҳамаи соҳаҳо ба ҳисобот гирифта шуда бошад, пас соли 2011-ум 56677,4 ҳазор сомонӣ, соли 2012-ум 84753,4 ҳазор сомонӣ, соли 2013-ум 142483 ҳазор сомонӣ, соли 2014-ум 234127,5 ҳазор сомонӣ, соли 2015-ум 181130 ҳазор сомонӣ ва дар шаш моҳи соли 2016 гардиши моли чакана ба 93813,3 ҳазор сомонӣ расидааст, ки афзоиш нисбат ба соли 2010 соли 2016-ум 3,7 баробар зиёд аст.

Буҷети ноҳия низ сол ба сол афзоиш ёфта, агар соли 2010 буҷети ноҳия 13 миллиону 829 ҳазор сомониро ташкил дода бошад, пас дар соли 2016-ум 47 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда,  дар шаш моҳи соли 2016 ба буҷети давлатӣ 20 миллиону 847 ҳазор сомонӣ андозу даромадҳои гуногун ворид гардиданд, ки нисбат ба соли 2010 соли ҷорӣ афзоиши буҷети ноҳия 3,4 баробар зиёд мебошад.

Aanvullende gegevens