Сангинӣ Рауф Мирқурбон

Муовини якуми Раиси ноҳияи Спитамен

Сангинӣ Рауф Мирқурбон 7 ноябри соли 1972 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1991 техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ва соли 2001 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1991 ба ҳайси ҷонишини сармуҳосиби шуъбаи маданияти ноҳияи Спитамен оғоз кардааст.

Баъдан солҳои 1992-1995 иқтисодчии идораи суғуртаи давлатии ноҳияи Спитамен, солҳои 1997-1998 сармуҳосиби театри ноҳия, солҳои 1998-2005 мутахассиси шуъбаи молияи нохия фаъолият намудааст.

Муфассал...

Дилрабо Раҳимӣ

Муовини Раиси ноҳияи Спитамен

Дилрабо Раҳимӣ 20 сентябри соли 1986 дар шаҳри Истаравшан таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2008 Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо ихтисоси суханшинос хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 2005 ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ноҳияи Спитамен оғоз намудааст.

Муфассал...

Саидзода Илҳом Тӯлқунӣ

saidzoda-iМуовини Раиси ноҳияи Спитамен

Саидзода Илҳом Тӯлқунӣ 22 июли соли 1958 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1981 Институти политехникии шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии Қирғизистонро бо ихтисоси муҳандис–сохтмончӣ хатм кардааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1975 ҳамчун корманди заводи «Ленинободселмаш»-и ноҳия оғоз намудааст.

Муфассал...

Ризозода Иномҷон Олимҷон

Муовини Раиси ноҳияи Спитамен

Ризозода Иномҷон Олимҷон 13 ноябри соли 1965 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1990 Институти хоҷагии қишлоқи шаҳри Селиноград (Остона)-и Ҷумҳурии Қазоқистонро  бо ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1982 ба ҳайси челонгари дарҷаи II заводи «Ленинободселаш» оғоз намудааст.

Муфассал...

Aanvullende gegevens