obidzoda-jОбидзода Ҷамшед Мансурӣ 3 июни соли 1984 дар ноҳияи Спитамен таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2006 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуровро бо ихтисоси рӯзноманигор хатм кардааст

Фаъолияти меҳнатиашро аз моҳи августи соли 2006 ба ҳайси мухбири махсуси ҳафтаномаи оммавӣ-сиёсии «Варорӯд» (ш.Хуҷанд) оғоз намудаааст

Солҳои 2008-2010 дар Маркази иттилоот ва таҳлили дастгоҳи Раиси вилояти Суғд ва баъдан дар вазифаи сармутахассиси Хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд фаъолият дошт.

Солҳои 2010-2011 роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд буд.

Солҳои 2011-2012 дар вазифаи сармутахассиси шӯъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиати шаҳрвандони дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен, солҳои 2012-2015 ба ҳайси мудири шӯъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен фаъолият намудааст.

Аз моҳи апрели соли 2015 то ҳол роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Спитамен мебошад.

Оиладор ва соҳиби се нафар фарзанд.

Aanvullende gegevens