sulaymonzoda-aСулаймонзода Акрам Раҳим 30 сентябри соли 1963 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1986 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ ва соли 2010 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1980 ба сифати шогирди усто дар фабрикаи «Армуғон»-и шаҳри Душанбе оғоз намуда, солҳои 1988-1990 дар қисми ҳарбии 33559-и шаҳри Глазови Федератсия Россия дар вазифаи сардори шуъбаи молия ва нозир-ревизор адои хизмат кардааст.

Баъди адои хизмати ҳарбӣ солҳои 1990-1996 дар шуъбаи молияи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар вазифаҳои сармуҳосиб ва сардори шуъбаи молия фаъолият намудааст.

Солҳои 1996-2001 дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи директори хазинадории марказӣ, сардори раёсати соҳаи иҷтимоӣ ва муовини сардори Департаменти буҷети давлатӣ кор кардааст.

Солҳои 2001-2004 сардори шуъбаи молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Солҳои 2004-2006 дар вазифаи муовини Вазири энеретика ва солҳои 2006-2012 дар вазифаи муовини Вазири энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Солҳои 2012-2016 дар вазифаи Раиси ноҳияи А.Ҷомии вилояти Хатлон кору фаъолият намудааст.

25 феврали соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифа ва аз 7 июли соли 2016 Раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мебошад.

Оиладор, соҳиби чор фарзанд.

Aanvullende gegevens