ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБӢ ВА ТАРАҚҚИЁТИ НОҲИЯ

Таърихи ноҳияи Спитамен қисми ҷудонашавандаи таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ҷиҳати маъмурӣ ноҳияи Спитамен то Инқилоби Октябр ба ҳайати музофоти Хуҷанди вилояти Самарқанд генерал-губернатори Туркистон дохил буд. Пас аз ғалабаи Инқилоби Октябр (то соли 1924) чун яке аз ноҳияи калонтарини музофот ба ҳайати республикаи автономии Советии Сотсиалистии Туркистон дохил мешуд. Баъд аз тақсимоти миллии маъмурӣ соли 1924 дар Осиёи Миёна ва ташкил ёфтани РАСС Тоҷикистон, ноҳияи Нов ба округи Хуҷандии вилояти Ленинободи Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон дохил шудааст.

Соли 1917-ум 11 ноябр, дар маҷлиси васеъи Совети депутатҳои коргарон ва солдатҳои Хуҷанд якҷоя бо намояндагони «Иттифоқи меҳнаткашон» қарор карда шуд, ки Совет ҳокимиятро ба дасти худ гирифта, ба ташкили мақомотҳои Ҳокимияти Советӣ дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо шурӯъ мекунанд. Аз худи рӯзҳои аввали ғалабаи Инқилоби Октябр дар волости Нов аз мобайни камбағалон, раиси Совети ҷамоа интихоб карда шуд. Дар соли 1917 дар волости Нов ва дар деҳоти он ба монанди Оқтеппа, Саидқӯрғон, Куркат, Нов ташкил карда шудаанд. Мавзеъҳои қадимаи таърихии ноҳия, маҳаллаҳои Куркат, Қуштегирмон ва Лангар мебошанд. Бо пайвастшавии Осиёи Миёна ба Руссияи подшоҳӣ дар ҳудуди ҳозираи ноҳия аввалин корхонаҳои саноатӣ пайдо шуданд ва дар иқтисодиёт муносибатҳои капиталистӣ инкишоф ёфтанд. Соли 1928 дар ноҳияи Нов карери механиконидашуда, соли 1930 дар базаи устохонаи механикӣ оиди таъмири муҳаррикҳои тракторҳо заводи Ленинободселмаш (ҳоло Новселмаш), соли 1931 матбааи ноҳияи Нов, соли 1969 филиали корхонаи атласи Хуҷанд, соли 1970 комбинати маснуоти оҳану бетон, соли 1972 комбинати истеҳсоли орд ба кор даромад. Дар худуди Нов соли 1868 -1 бозори деҳқон, 97 нуқтаҳои савдо, 1 корвонсарой, 35 осиёб, 1 мадраса, 11 мактаб, 14 масҷид амал мекард. Яке аз иншоотҳои қадимии таърихию фарҳангии ноҳия қалъаи Кирпол (Курушкада, Куркат) мебошад, ки дар ҳудуди ҳозираи деҳаи Куркат ҷойгир шудааст. Ин иншоот осори таърихи асри IV мебошад. Дар давраҳои таърихи гузашта маҳсулоти асосии истеҳсол мекардаи маҳаллӣ намудҳои гуногуни ғалладона, пахта, растаниҳои равғандор, шолии сурх, якчанд намуди бодом ба монанди қорақи, каҷак, талх, сафед ва ғайра инчунин навҳои гуногуни ангур ва ширинӣ, инчунин асбобу олоти кулолгарӣ ба ҳисоб мерафт. Бо истифода аз оби Ширинсой ва Оқсув заминҳои кишоварзӣ обёрӣ мешуданд. Намунаи дигар осори таърихӣ мақбари Лангар-Ато мебошад.
Меҳнаткашони ноҳия шоҳид ва иштирокчии бевоситаи қаҳрамониҳои давраи инқилоб ва панҷсолаҳои аввали он, ки барои барқароршавии хоҷагии халқ пас аз ҷангҳои гражданӣ ва Ҷанги Бузурги Ватанӣ, солҳои ороми баъди ҷангӣ ва давраи расидан ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.
Айни ҳол дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ, 5 ташкилотҳои сохтмонӣ, 1 корхона оиди таъмири роҳҳо, 518 хоҷагиҳои деҳқонӣ, 53 кооперативи истеҳсоли, 12 хоҷагии ёрирасон, 30 корхонаҳои хурд, 17 муасисаҳои таҳсилоти то мактабӣ, 31 мактаби таҳсилоти умумӣ, 1 омўзишгоҳи касбии техникӣ, 13 адад китобхонаҳои оммавӣ, 7 адад хонаи маданият, 3 адад клуб, 1 мактаби санъати бачагона, муассисаҳои тандурустӣ: беморхонаи марказии ноҳия, 2 беморхонаи минтақавӣ, маркази саломатии ноҳия, 13 адад маркази саломатии деҳот, 8 бунгоҳи саломатӣ ва хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият менамоянд.
Аз канданиҳои фоиданок, дар ноҳия захираи калони регу-шағал, оҳаксанг ва гили хиштбоб ҷой дорад, ки аз он ҳар хел маҳсулотои сохтмонӣ коркард мешавад.

Aanvullende gegevens