Ватанро аз шарри бадхоҳон нигаҳ мебояд дошт

Терроризм яке усулҳои муборизаи тираи “сиёсӣ “ бо мақсади ваҳмангезӣ дар байни ҷомеа бо истифода аз қатлу куштор, гаравгонгирӣ ва ба инфиҷор овардани маводҳои тарканда амалӣ карда мешавад. Бадбахтона солҳои охир , чӣ тавре, ки аз воситаҳои ахбори умум мушоҳида мекунем, террористон бештар аз сабки инфиҷор дар ҷойҳои серодам истофодабарӣ мекунанд, зеро ҳар чӣ бештар қурбонӣ бошад, ҳамон қадар ин бадхоҳон шод хоҳанд шуд. Тӯли даҳсолаҳои ахир садҳо ҳазор аҳолии осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида, ҳазорҳои дигар маъюбу корношоям шуданд. Ҳадаф аз ин кирдорҳои нохалаф ин ноором сохтани фазои сиёсӣ, коста намудани обруйи кишвар ва эҷоди бесарусомониҳо мебошад.

Чӣ хеле, ки аз сомонаҳои интернетӣ огоҳ ҳастем, шаби 6-уми ноябри соли ҷорӣ як гурӯҳи террористии аъзои «Давлати исломӣ» бо истифода аз торикии шаб ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и «Ишқобод»-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии «Султонобод» ҳуҷуми ноҷавонмардонаи мусаллаҳона намуданд, ки мақсад аз ин ҳамлаи мусаллаҳонаи гуруҳҳои терористӣ ноором сохтани фазои Тоҷикистони азизамон мебошад.

Имрӯз   мо   шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фазои тинҷу осудаи кишвари азизамон зиндагонӣ дорем, аз як гиребон сар бароварда ҳама як ҷону тан марзу буми Ватани азизамонро пос медорем. Ҳар яки мо сарфи назар аз қавму миллат, вазифадорем, ки ҳамчун фарзанди бо нангу номуси Ватан ҷавононро дар рӯҳияи ватандустӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намуда, Ватани азизамонро ободу зебо гардонида аз шарри ҳама гуна бадхоҳони кишвар эмин нигаҳ дорем.  

Ҳафизулло Раҷабов-Раиси шӯрои
собиқадорони кумитаи иҷроияи ҲХДТ
дар ноҳияи Спитамен

 

Aanvullende gegevens