Қадршиносии иштирокчиёни фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ»

Субҳи имрӯз Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим дар толори Қасри фарҳанги ноҳия гуруҳи калони иштирокчиёни фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ»-ро, ки ҳафтаи гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муассисаи давлатии «Қасри Арбоб» баргузор шуда буд, қадршиносӣ намуда, ба ҳамаи иштирокчиён сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар оғоз Раиси ноҳия ба кулли иштирокчиёни чорабинӣ миннтадорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки шахсони масъул, кишоварзон, аҳли фарҳанг ва дигар шахсони вобасташуда дар ин чорабинӣ фаъолони иштирок намуда, беҳтарин намудҳои оши палав, зироатҳои кишоварзӣ ва барномаи ҷолиби фарҳангиро манзури ҳозирин гардониданд.

Ин аст, ки дар натиҷа ноҳияи Спитамен дар бахши «Оши палави беҳтарин» сазовори ҷойи аввал гардида бо Диплом ва туҳфаи пулӣ қадршиносӣ гардид.

Баъдан ба 30 нафар иштирокчиёни фаъоли фестивали «Оши палав», «Иди асалу харбуза» ва «Шириниҳои миллӣ», аз ҷумла наврасону кӯдакон ва ошпазҳо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens