Муҳокимаи лоиҳаи иншоотҳои ҷашнӣ бо иштироки роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо иштироки роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, Раиси Суди Олии иқтисодии кишвар Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ бо иштироки муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия дар бинои мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия баррасӣ гардиданд.

Дар оғози кори машварат роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия таъкид намуд, ки ҳадафи мулоқоти имрӯза баррасии корҳои то имрӯз иҷрошуда ва мусоидат ҷиҳати боз ҳам вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ мебошад.

Сипас муовини Раиси ноҳия Саидзода Илҳом Тӯлқинӣ оид ба лоиҳаи нави иншоотҳои ҷашнӣ ба Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ гузориш дод.

Қайд гардид, ки то имрӯз гуруҳҳоии корӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ва фаъолони ноҳия фаъолияти хубро ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назаррас ноил шуданд.

Зикр шуд, ки дар баробар ба истифода додани иншоотҳои мухталиф ба муносибати ин ҷашни умумимиллӣ дар доираи эълон гардидани 1300 рӯзи ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 зиёда аз 110 иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла марказҳои хизматрасонӣ, толорҳои варзишӣ ва бозиҳои кӯдакона, кошонаи ҳусн, сартарошхона, китобхона, марказҳои саломатӣ, ҳаммом, сехи дӯзандагӣ, коргоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ, дигар корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмиру бунёди роҳҳои дохилӣ дар байни маҳалҳои аҳолинишин, таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии садамавӣ ва таъмирталаб, инчунин гулкорию кабудизоркунӣ дар ҳамаи Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқ шуда ба анҷом расонида мешаванд.

Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен, Раиси Суди Олии иқтисодии кишвар Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ зимни баррасии масъала ба муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия барои назорати иҷрои ҳар як банди нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens