Оғози мулоқоту вохӯриҳои Раиси ноҳияи Спитамен дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия

Шурӯъ аз субҳи имрӯз тибқи ҷадвали тасдиқшуда мулоқоту вохӯриҳои Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим бо сокинони деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бевосита дар макони истиқоматашон оғоз гардид. Раиси ноҳия якҷо бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо сокинони деҳаҳои Лангар, Метар, Иттифоқ, Шавкат, Тағояк ва Озариёни Ҷамоати деҳоти Тағояк мулоқот анҷом дода, баргузории чунин суҳбату вохӯриҳо дар деҳаву маҳаллаҳо идома доранд.

Зимни мулоқот Раиси ноҳия оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолият дар ноҳия, рушди соҳаҳои иқтисод, кишоварзӣ, саноат суҳбат намуда, ҷиҳати пешгирии ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳо, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ, ободу зебо намудани макони зист, маҳалла ва деҳа, дастгирии шахсони эҳтиёҷманд, саьмгузорц дар ташкили майдочаҳои варзишӣ ва таблиғи ҷавонону наврасон барои машғул шудан бо варзиш, истифодаи самаранок ва оқилонаи замин, саривақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ, истифодаи оқилона ва сарфакоронаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи барқи истифодашуда, омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовори ҷашни умумимилии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсияҳо дод.

Дар навбати худ сокинони маҳаллаву деҳаҳо дар ҷараёни мулоқот изҳор доштанд, ки бо ҷонибдори аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ободу зебо намудани кӯча, маҳалла ва деҳаи худ саҳм хоҳанд гузошт.

Ёдрас мешавем, ки тибқи ҷадвали баргузории мулоқоту вохӯриҳои Раиси ноҳияи Спитамен якҷо бо роҳбарони мақомоти судӣ, прокуратура, амнияти давлатӣ, корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбӣ бо сокинони деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба иҷрои дастуру супоришьои Асосгузори сульу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд санаҳои 22-25 октябри соли 2018 баён шудаанд, аз санаи 2 то 14 ноябри соли ҷорӣ дар 25 деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия мулоқотҳо гузаронида хоҳад шуд.

Хадамоти матбуотии
Раиси ноҳияи Спитамен


Aanvullende gegevens