Таҷлили солгарди навбатии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба қабули Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд, ки дар он Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим ва намояндаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Шарифзода Фирдавс иштирок ва ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда шодбош намуданд.

Зимни паёми табрикии худ Раиси ноҳия таъкид дошт, ки солгарди навбатии қабули Конститутсияи Тоҷикистони озод, ки яке аз дастовардҳои муҳимтарини давраи истиқлолият мебошад, дар рӯзҳое таҷлил мегардад, ки пас аз чанд рӯз бо талошу заҳматҳои Пешвои муаззами миллат дар таърихи Тоҷикистони навин руйдоди муҳими таърихӣ ба амал омада, нахустин агрегати нерӯгоҳи барқии «Роғун» ба истифода дода мешавад.

 

Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки Конститутсия қонуни асосии ҳар як давлати мустақил аст, ки дар он пояҳои давлатдорӣ, роҳу равиши ҷамъият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин вазифаву масъулияти ӯ дар назди ҷомеа, сохтор ва меъёрҳои қонунии фаъолияти мақомоти давлатӣ, хулоса тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа дақиқан муайян карда шудаанд.

 

Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷиҳати ҷавобгӯйӣ ба меъ-ёрҳои қабулшудаи байналмилалӣ ва мутобиқат бо дасто-вардҳо ва арзишҳои ҷомеаи муосир аз тарафи коршиносони давлатҳои пешрафта ва демократии ҷаҳон ба таври сазовор арзёбӣ ва қадр шудааст.

 

Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода низ паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонида, кулли сокинони ноҳияро ба муносибати ин ҷашн муборакбод намуд.

 

Сипас барномаи ҷолиби консертӣ, ки аз ҷониби бахши фарҳанги ноҳия омода гардида буд, манзур гардонида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен



Aanvullende gegevens