Иштирок дар маросими савгандёдкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 0230

Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим якҷо бо комиссари ҳарбӣ, раиси суди ноҳия, сардори шӯъбаи Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳия дар маросими савгандёдкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 0230, ки дар Ҷамоати деҳоти Тағояк ҷойгир аст, иштирок намуд.

Зимни сухани табрикӣ Раиси ноҳия нахуст кулли афсарону аскарон ва волидайни наваскаронро бо Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намуда, таъкид дошт, ки басо рамзист, ки дар солгарди навбатии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарон дар вазъияти тантанавӣ савганди ҳарбӣ ёд намуда, омодагии худро дар ҳифзи марзу буми Ватан изҳор менамоянд.

Таъкид гардид, ки ки сарбозони тоҷик бо тобоварию пурбардоштӣ, устуворию матонат барин сифатҳои беҳтаринро соҳибанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки наваскарон қарзи шаҳрвандии худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар ҳифзи марзу бум ва осоиши мардум саҳми арзанда мегиранд ва дар роҳи хизмат ба Ватан беҳтарин анъанаҳои ниёгонро идома бахшида, баъди адои хизмат бо рӯи сурху қомати баланд ба меҳнати пурсуботи шаҳрвандӣ ба назди азизони худ бармегарданд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ 100 нафар наваскарон савганди ҳарбӣ ёд намуда, изҳор доштанд, ки дар ҳифзи марзу буми Ватани азиз омода ҳастанд.

Баъдан гузашти низомии афсарону аскарони ин қисми низомӣ намоиш дода шуда, барои болидахотирии аскарон барномаи ҷолиби консертӣ пешкаш гардид.

Хотиррасон мешавем, ки ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбӣ ва дидбонгоҳҳои сарҳадии ҳудуди ноҳия дастурхони идона ороста шуда, барномаҳои фарҳангӣ доир гардиданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens