Баргузории маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи милитсия дар ноҳияи Спитамен

Дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бахшида Рӯзи милитсия маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим иштирок намуда, кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳияро бо иди касбӣ муборакбод намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба як гурӯҳ ҳайати шахсии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Дар оғози чорабинӣ Раиси ноҳия суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки кормандони милитсия дар давраи соҳибистиқлолии давлатамон санҷишҳои талхи таърихиро паси сар намуда, дар таъмини амнияти давлату миллат саҳми арзанда гузошта, борҳо исбот намудаанд, ки барои онҳо арзишҳои Ватан, Истиқлолият, Ваҳдат волою муқаддасанд.

Таъкид гардид, ки фаъолияти милитсия ба ҳифзи манфиатҳои ҷомеаву давлат, тартибот ва суботи ҷомеа, пешгириву мубориза бар зидди ҷинояткориву қонуншиканиҳо, ҳимояи ҳаёту амният, ҳуқуқу озодиьои шаьрвандон, ошкор намудани ҷиноятҳо ва тафтишоти онҳо, таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт ва таблиғоти донишҳои ҳуқуқӣ равона гардидааст.

Дар иҷрои босифат ва софдилонаи вазифаҳои хизматӣ, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат ҳар як корманди милитсия дар назди давлат ва миллати худ бояд масъулияти олиро эҳсос намояд.

Зеро дар муҳити босубот, вазъияти ором ва тартиботи устувори ҷамъиятӣ кору фаъолият намудани сокинони ноҳия ба фаъолияти самарабахши ҳар кадоми шумо – кормандони мақомоти корҳои дохила вобаста аст.

Изҳори итминон карда шуд, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия бо дарки масъулияти баланд, ҳисси ифтихори миллӣ ва ватандӯстиву садоқат иҷрои вазифаи худро таъмин менамоянд.

Баъдан ба як гуруҳ кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ, инчунин рутбаҳои навбатӣ ва сипосномаҳои шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия тақдим карда шуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки бахшида дар доираи 101-солагии таъсисёбии Рӯзи милитсия ба ҳамаи собиқадорони меҳнати мақомоти корҳои дохилӣ ва кулли ҳайати шахсии шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, маъюбон ва аҳли оилаи кормандони милиса, ки зимни иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок гардидаанд, инчунин иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба ғамхорӣ фаро гирифта шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens