Идомаи мулоқоту вохӯриҳои Раиси ноҳия бо сокинони деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоати деҳот

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд санаҳои 22-25 октябри соли ҷорӣ баён шуда буданд, мулоқоту вохӯриҳои роҳбарияти ноҳия якҷо бо роҳбарони мақомоти судӣ, амнияти давлатӣ, прокуратураи ноҳия, мақомоти корҳои дохилӣ ва комиссариати ҳарбӣ дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои ноҳия идома доранд.

Имрӯз чунин мулоқот бо сокинони деҳаҳои Янгиобод, Андарсой, Сомғор ва Нови Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоеви ноҳия баргузор шуд, ки дар он Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим, раиси суди ноҳия Зикирзода Лоиқ Хурсандқул, комиссари ҳарбии ноҳия Абдушаҳид Ниёззода, иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳия Далер Мамадализода ва роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия иштирок намуданд.

Дар оғози мулоқот Раиси ноҳия таъкид намуд, ки ҳадафи мулоқот шиносии наздик бо вазъи зисту зиндагии сокинон, баррасии нақшаҳо вобаста ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат ба ободу зебо намудани кӯча, маҳалла, деҳа ва Ҷамоат бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатманд, дар якҷоягӣ пешгирӣ ва коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ мебошад.

Дар ҷараёни мулоқот Раиси ноҳия оид ба сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, рафти корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия ва нақшаҳои минбаъдаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия барои вусъати корҳои бунёдкорӣ суханронӣ намуда, аз сокинони деҳаҳо даъват ба амал овард, ки корҳои ободониро вусъат бахшанд.

Баъдан раиси суди ноҳия Лоиқ Зикирзода, комиссари ҳарбии ноҳия Абдушаҳид Ниёззода, иҷрокунандаи вазифаи прокурори ноҳия Далер Мамадализода ба сухан баромада, оид ба ҳамкориҳои шаҳрвандон бо мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, пешгирии ҷинояткорӣ, ҷудошавии оилаҳо, қонунвайронкуниҳои ба қайд гирифташуда ва роҳҳои мубориза бо ҷинояткорӣ суҳбат намуданд.

Дар навбати худ сокинони касбу кори гуногуни деҳаҳои Янгиобод, Андарсой, Сомғор ва Нови Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев изҳор доштанд, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати комил ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати боз ҳам бештар намудани дастовардҳои меҳнатӣ ва ободу зебо намудани кӯчаву маҳаллаи худ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Ёдрас мешавем, ки тибқи ҷадвали тасдиқшудаи баргузории мулоқоти вохӯриҳо дар деҳаву маҳаллаҳо санаи 2 ноябри соли ҷорӣ мулоқоти Раиси ноҳия дар деҳаи Лангари Ҷамоати деҳоти Тағояк оғоз гардида, то имрӯз чунин мулоқотҳо дар ҳамаи деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Тағояк, Куруш ва Турсун Ӯлҷабоеви ноҳия баргузор гардида, мулоқоту вохӯриҳои Раиси ноҳия якҷо бо роҳбарони мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар дигар деҳаву маҳаллаҳои Ҷамоатҳои деҳоти Истиқлол, Сарбанд, Хуррамзамин ва Ҷамоати шаҳраки Навкат то санаи 14 ноябр идома хоҳанд намуд.

Хадамоти матбуоти

Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens