Аёдати собиқадорони меҳнат ва шахсони барӯманд аз ҷониби Раиси ноҳия

Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим дар остонаи соли нави мелодии 2019 як гуруҳ собиқадорони меҳнат, шахсони барӯманд ва шахсони ниёзмандро аёдат намуда, ба онҳо паёми табрикии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро расонида, туҳфаҳои солинавӣ ва маводҳои хӯрока тақдим намуд.

Аз ҷумла Раиси ноҳия собиқадори соҳаи маориф Одилҷон Эрматов, собиқадори соҳаи кишоварзӣ Мамаҷон Юлдошев, собиқадори соҳаи матбуот Дилбар Аҳмадалиева ва собиқадори меҳнат Собирхӯҷа Мухторовро аёдат намуд.

Зимни аёдат собиқадорони меҳнат барои ғамхории ҳамешагӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос миннатдорӣ баён намуда, дар хаққи роҳбарияти олии кишвар дуо намуданд.

Кайд намудан ба маври аст, ки дар арафи соли нави мелодӣ ҳамчунин намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷамшед Умарзода як гуруҳ шахсони эҳтиёҷмандро аз номи Раиси вилояти Суғд аёдат намуда, ба онҳо маводҳои ғизоӣ дастрас намуд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии маънавию моддии маънавии шаҳрвандони ниёзманд ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи махсуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, соли ҷорӣ барои дастгирии оилаҳои камбизоату эҳтиёҷманд аз ҳисоби буҷети ноҳия дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 55 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Дар баробари то имрӯз ба зиёда аз 2 ҳазор нафар сокинони ноҳия кӯмакҳои моддӣ, аз қабили орд, равған, биринҷ ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ дастрас карда шуда, чунин раванди корбарӣ минбаъд низ идома дода хоҳад шуд.

Хадамоти мабуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens