Ифтитоҳи маркази хизматрасонии «Истиқлол» дар Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин

Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нохия корҳои ободкориву созандагӣ бо маром идома дошта, иншооти мухталиф мавриди истифода қарор мегиранд. Чунин иншооти ҷашнии маркази хизматрасонӣ дар деҳаи дурдасти Фармонқалъаи Ҷамоати деҳоти Хуррамзамин мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дар маросими ифтитоҳи он Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим иштирок намуд.

Зимни баромад дар назди мардуми деҳа Раиси ноҳия ҷамъомадагонро бо ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва ошхонаи «Истиқлол» ва соли нави мелодии 2019 таҳният намуда, зикр дошт, ки ба муносибати таҷлили сазовори ҷашни умумимиллии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 зиёда бунёди зиёда аз 360 иншооти мухталиф ба нақша гирифта шудааст, ки ифтитоҳи иншооти имрӯза низ аз ҷумлаи онҳо мебошад.

Таъкид карда шуд, маҳз туфайли сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон шароити мусоиди кору фаъолият фароҳам оварда шуда, дар навбати худ соҳибкорон низ ба ободу зебо намудани деҳаву маҳалли зисти худ саҳм гузошта истодаанд.

Аз ҷумла маркази хизматрасонӣ ва ошхонаи «Истиқлол» ду ошёна буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ   Собир Солибоев ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, шаш нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Хотиррасон намудан ба маврид аст, ки дар ёздаҳ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи зиёда аз 42 миллиону 800 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,1 баробар зиёд аст.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин 13903 метри мураббаъ хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон бунёд шудааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2017-ум 101,4 фоизро ташкил медиҳад.

Корҳои пудратии иҷрошуда бошад, 6 миллиону 416 ҳазор сомониро ташкил дода, айни ҳол таъмири кулии Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Куруш, навсозии бинои маъмурии ҶСК КАС “Гулистон” бунёди маркази хизматрасони дуошёна ва толорҳои варзишӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш ва бунёди даҳҳо иншооти дигар идома доранд.

Дар давраи ҳисоботӣ барои шағалпӯш намудани роҳҳои Ҷамоатҳои деҳоти ноҳия бо тариқи ҳашар ва аз тарафи соҳибкорон ба масофаи 63,8 км амалӣ гардид.

Ҳамчунин дар ин давра таъмир ва мумфарш намудани 2,5 км роҳи автомобилгарди деҳаи Нов-Янгиободи Ҷамоати деҳоти Т.Ӯлҷабоев бо маблағгузории буҷети вилояти Суғд ба маблағи 1900 ҳазор сомонӣ ва таъмир ва мумфарш намудани роҳи автомобилгарди “Куркат-Ширин-Зафаробод” аз ҷониби Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд ба маблағи 488 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд ва корҳои ободониву созанда дар ноҳия муташаккилона идома дорад.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens