Туҳфаи Раиси ноҳияи Спитамен ба ҳафтавори «Паёми Спитамен»

Дар арафаи Соли нави мелодӣ Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим ба Муассисаи давлатии таҳририяи ҳафтавори «Паёми Спитамен» барои фаъолияти хуб ва инъикоси саривақтии хабару гузоришҳо, пур кардани фазои холии иттилоотӣ дар ноҳия, тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ ба сармуҳаррири нашрияи «Паёми Спитамен» Атозода Фирӯз Боқӣ як адад ноутбуки муосир тақдим намуд.

Раиси ноҳияи Спитамен зимни супоридани ин туҳфаи идона қайд кард, бо шарофати истиқлолият, ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва сулҳу субот дар кишвар, ки ҳама натиҷаи заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, давлати мо сол аз сол ба як давлати пешқадам ва дар ҷаҳон машҳур шинохта шудаааст. Аз ин лиҳоз, мо бояд баҳри ободии диёр дучанд меҳнат намуда, кишвари худро аз ин ҳам зебову дилоротар гардонем.

Дар мулоқот сармуҳаррири ҳафтавори «Паёми Спитамен» Фирӯз Атозода аз дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, хоса раиси ноҳия изҳори сипосмандӣ намуда, қайд кард, минбаъд истифода аз ҳамаи имкониятҳо, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки сатҳу сифати маводҳои ҳафтавор ва дизайни он аз пештара ҳам хубтар гардад.

Таи солҳои охир ба ҳафтавор аз ҷониби МИМҲД-и ноҳия тааҷҷуҳи зиёд зоҳир гардида, бо дастгирии раиси ноҳия ҳуҷраҳои кории рӯзнома пурра аз таъмир бароварда шуда, дар арафаи 85-солагии таъсисёбии нашрия он бо нақлиёти хизматӣ таъмин гардид.

Лозим ба зикр аст, ки рӯзномаи ноҳияи Спитамен (собиқ ноҳияи Нов) аввалин маротиба бо унвони «Қизил нишон» («Нишони сурх») 7 ноябри   соли 1930 аз чоп баромадааст. Бо тақозои давр ва гузашти солҳо ба рӯзнома соли 1935 номи «Сталин байроғи» («Парчами Сталин») дода шуда, аз соли 1961 он ба номи «Коммунизм сари» («Ба сӯи коммунизм») иваз карда шудааст. Аз сентябри соли 1991 бо номи «Халқ сӯзи» («Сухани халқ») ва аз моҳи январи соли 2012 то ба ҳол бо номи «Паёми Спитамен» бо ду забон – тоҷикӣ ва ӯзбекӣ ба табъ мерасад ва муассиси он Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен ба ҳисоб меравад. Яке аз аввалин нашрияҳои маҳаллие мебошад, ки дар ҳудуди Тоҷикистони имрӯза таъсис ёфтааст.

Ҷомеаи меҳнатии ҳафтанома бо роҳбарии сармуҳаррир Фирӯз Атозода, Аълочии матбуоти Таҷикистон, собиқадори матбуот Ато Боқӣ – раиси Созмони журналистони ноҳия ва ҷонишини сармуҳаррир Раҳматҷон Шойимқулов - Аълочиёни матбуоти Тоҷикистон, Рамзбек Бойматов – мухбир, Ҳуррият Ҳомидова - ороишгар ва ҳуруфчин, Тоҷихол Абдуғаниева, муҳосиби «Паёми Спитамен» тамоми маҳорати касбӣ ва дониши худро баҳри ҷавобгӯ ба сиёсати давлату ҳукумат ва ба халқ расонидани ғояҳою дастовардҳои муҳимтарини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, чун нашрияи чопии он, фаъолият ба роҳ мондаанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens