Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен баргузор шуд

Дар толори калони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқ, Раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар кори он намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темур Нӯъмонзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Дар иҷлосия аз 35 нафар вакилон 32 нафар иштирок доштанд.

Ҳамчунин дар Иҷлосия муовини якум ва муовинони Раиси ноҳия, мудирони шӯъбаҳо ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи хуқуқ, раисони Ҷамоатҳои ша³раку деҳот, фаъолони ноҳия ва дигар шахсоне, ки вакил нестанд, вале ба масъалаҳои иҷлосия дахл доштанд, иштирок намуданд.

Баъди интихоб гардидани ҳайати котибот, рӯзномаи Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия фарогарии масъалаҳои зерин ҳисоботи раиси ноҳияи Спитамен дар бораи фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен дар ёздаҳ моҳи соли 2018, дар бораи лоиҳаи буҷети ноҳияи Спитамен барои соли 2019 ва тасдиқи иҷрои буҷети соли 2017, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен (даъвати V) оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат, ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ” №20, Ойбек Насруллоев, тасдиқи комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ, дар бораи тасдиқи қарор ва амрҳои раиси ноҳия тасдиқ карда шуд.

Азбаски ҳисоботи Раиси ноҳия дар рӯзномаи «Паёми Спитамен» ба таври муфассал чоп ва ба вакилон дастрас шуда буд, Раиси ноҳия оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ёздаҳ моҳи 2018 мухтасар ҳисобот дод.

Баъдан, вакил аз ҳавзаи интихоботии “А.Дониш” №25 Мухтор Умаров, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Далварзин» №34, Собирҷон Саидзода, вакил аз ҳавзаи интихоботии «Камоли Хуҷандӣ» №7 Аскаралӣ Муҳибуллоев ба музокира баромаданд.

Вобаста лоиҳаи буҷети ноҳияи Спитамен барои соли 2019 ва тасдиқи иҷрои буҷети ноҳияи Спитамен дар соли 2017 сардори раёсати молияи ноҳия Алишер Абдуллозода ва бо маърӯзаи иловагӣ раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен оид ба масъалаҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва буҷет Мӯҳсин Тоҷимуродов баромад намуд.

Сипас ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Спитамен оид ба масъалаҳои кишоварзӣ ва ҳифзи табиат ҳисоботи вакил аз ҳавзаи интихоботии “Дӯстӣ” №20 Ойбек Насруллоев оид ба рафти иҷрои ваколатҳои вакилӣ шунида шуда, доир ба ҳар як масъалаи баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Ҳамчунин бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия комиссияи танзими истифодабарии чарогоҳ таъсис дода шуда, қарорҳои Раиси ноҳия оид ба масъалаҳои кадрӣ ва ҷудо намудани маблағ тасдиқ гардиданд.

Намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Темур Нӯъмонзода зимни баромад нишондиҳандаҳои асосии ноҳияро таҳлил намуда, барои ислоҳои камбудиҳои ҷойдошта тавсияҳо дод.

Дар охири иҷлосияи Раиси ноҳия ҳозиринро ба муносибати соли нави мелодӣ муборакбод намуда, муовинони Раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту идораҳоро барои аёдати шахсони яккаву танҳо, ятим ва маъюбон ба муносибати соли нави мелодӣ, омода намудани нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳия ва тасдиқ намудани нақшаи чорабиниҳо оид ба эълон шудани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», иҷрои ҳатмии супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба “300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ», ҳамкории судманд бо соҳибкорон, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорон ва дар доираи қонунҳои амалкунанда дастгирӣ намудани онҳо, ҷалби ҳарчӣ бештари занону духтарон ба ҳунармандӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда, иҷрои ҳатмии нақшаи буҷети давлатӣ, бартараф намудани бақияпулиҳои қарзи андоз, андешидани тадбирҳои зарурӣ барои бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва иҷрои уҳдадориҳо оид ба бунёди корхонаҳои коркарди шир ва меваю сабзавот дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, чораҷӯӣ барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи дар муассисаҳои таълимӣ, боз ҳам беҳтар намудани сифати кори духтурони оилавӣ, ҳамшираҳои тиб ва сифати хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои табобатӣ, амалӣ намудани чораҳои мушаххас барои пешгирии ҷинояткорӣ, кам намудани ҷудошавии оилаҳо, махсусан оилаҳои ҷавон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Хадамоти матбуотии

Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens