Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба кӯдакону наврасон аз ҷониби Раиси ноҳияи Спитамен

Дар толори Қасри фарҳанг Раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим ба зиёда аз 100 нафар раққосадухтарони гуруҳи «Сафина», тарбиятгирандагони интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат, кӯдакони имконияташон маҳдуд, инчунин ятимону бепарасторон туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуда, онҳоро бо соли нави мелодии 2019 муборакбод намуд.

Зимни табрикоти худ Раиси ноҳия дастовардҳои кӯдакону наврасони ноҳияро дар соли 2018 зикр намуда, таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ҳамеша барои тарбияи насли наврас ва ҳавасманд намудани онҳо тадбирҳои зарурӣ андешида, дар доираи имконияти мавҷуда онҳоро ба ғамхорӣ фаро мегирад.

Таъкид гардид, ки дар навбати худ кӯдакону наврасонро зарур аст, ки бо интизоми намунавӣ, хониши хубу аъло ва аҳлоқи ҳамида ҳамеша намунаи ибрат бошанд.

Баъдан Раис ноҳия ба 21 нафар раққосадухтарони гуруҳи «Сафина» барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, мусобиқаву озмунҳои мухталиф маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои солинавиро тақдим намуд.

Сипас ба 24 нафар тарбиятгирандагони интернати наздимактабӣ барои ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои камбизоат, инчунин ба зиёда аз 50 навар кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятимону бепарасторон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Дар навбати худ кӯдакону наврасон аз ғамхориҳои ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо супориши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ карда мешавад, изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Баъдан барномаи ҷолиби фарҳангӣ, ки аз ҷониби кӯдакону наврасон омода гардида буд, манзури ҳозирин гардонида шуда.

Хадамоти матуботи
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens