Мулоқоти вакилони мардумӣ оид ба тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагони ноҳия

Дар маҷлисгоҳи бахши фарҳанги ноҳия нахустин мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон, ки тибқи нақша пешбинӣ шудааст, бо аҳли маорифи ноҳия оғоз ёфт.

Мулоқот ба таблиғи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахшида шуд.

Мулоқотро раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода ифтитоҳ бахшида, баъди хулосаи мухтасар оиди Паём иштирокчиёни ҷамъомадро бо гурӯҳи тарғиботчиён шиносо кард.

Нахуст, сухан ба раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қаландарзода М.С. дода шуд. Мавсуф баъди зикри хулосаҳои худ оиди муҳтавои Паём ҳозиринро бо Соли нав таҳният гуфта, зикр кард, ки аввалин мулоқоти гурӯҳи тарғиботчиён доир ба фаҳмонидани муҳтавои Паёми имсолаи Пешвои миллат дар ноҳияи Спитамен бо аҳли маорифчиён, онҳое, ки ба мардум нуру зиёву маърифат мебахшанд, оғоз шуд. Мавсуф гуфт, ки таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба маориф, сатҳу сифати таълим бар чанд афзуда, даҳҳо муассисаҳои маорифу варзиш дар солҳои охир бунёд ва ба истифода дода шуданд.

Ҳамчунин, вакили Маҷлиси намояндагон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қобилов, мавриди     тавзеҳи муҳтавои Паём масъалаҳои эълон гардидани солҳои 2019-2021 — Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба кор андохта шудани агрегати нахусти НБО “Роғун”, пешгирии воридоти молу ашёи пастсифати хориҷӣ, вазъи ҷаҳони ноороми имрӯз, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ-экстремистӣ мушаххасан таҳлили амиқ карда, иҷрои дастурҳои дар Паём омадаро вазифагузорӣ кард.

Дар атрофи нуктаҳои Паём иштирокчиён андешаҳои худро иброз карданд.

Дар поёни мулоқот Сулаймонзода Акрам Раҳим барои суҳбати пурмазмун ба меҳмонон аз номи МИМҲД изҳори сипос намуд.

Чунин мулоқот дар Беморхонаи марказӣ, Ҷамоати шаҳраки Навкат, литсейи № 1 низ баргузор гардид.

Мулоқоти гурӯҳи тарғиботчиён бо сокинони ноҳия то 17 январ идома хоҳад ёфт.                      

Хадамоти матуботи
Раиси ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens