Соли 2018 натиҷабардорӣ карда шуд

Санаи 10 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен маҷлиси фаъолони ноҳия оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтиомӣ дар соли 2018-ум баргузор гардид.

Дар маҷлиси ҷамъбастӣ раиси ноҳия Акрам Сулаймонзода, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қаландарзода М.С. вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон     А. Қобилов, Т. Бухориев ва Ҳ. Ҳакимзода намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд иштирок намуданд.

Ҳамчунин дар маҷлис муовинони раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилоту муассиса, намояндагони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дин, фаъолони соҳаҳо, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ ва дигар шахсони мутасаадӣ иштирок намуданд.

Ҷаласаи ҷамъбастиро раиси ноҳия А. Сулаймонзода ифтитоҳ намуд. Доир ба натиҷаҳои ҷамъбасти соли 2018 муовини якуми раиси ноҳия Даврон Зоҳидзода маъруза кард. Аз таҳлилҳо, маълум гардид, ки меҳнаткашони ноҳия дар соли 2018 аҳлона меҳнат намуда, дар рушди нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дастовардҳои муайянеро соҳиб гардиданд.

Мавриди зикар аст, ки дар соли 2018 ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат оид ба пурраву барзиёд иҷро намудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани буҷет, тадриҷан кам кардани бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои нави андозҳо, аз рӯи нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия ба маблағи 58,6 миллион сомонӣ муайян гардида, амалан 60,5 миллион сомонӣ андозу даромадҳо ворид гардид, ки 102,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ 46,1 миллион сомонӣ муайян шуда, амалан 44,8 миллион сомонӣ, яъне ба 97,2 фоиз баробар гардид.

Муттассифона дар давраи ҳисоботӣ аз 10 намуди андозу пардохтҳо 1 намуди андоз – андози фоида аз шахсони ҳуқуқӣ иҷро нашуд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллии ноҳия 4,3 миллион сомонӣ маблағ кам ворид шудааст.

Зимни баромади худ муовини якуми раиси ноҳия доир ба ҷамъоварии маблағи барқ истода гузашт. Мувофиқи маълумотҳо ҷамъоварии маблағи барқи истифодашуда ҳамагӣ 31,5 миллион сомонӣ ҳисоб гардида, пардохти он 28,1 миллион сомонӣ, ё ин ки 89,5 фоиз иҷро гардидааст.

Аз он ҷумла аз тарафи аҳолӣ 9,2 миллион сомонӣ ҳисоб гардида, пардохти он 7,5 миллион сомонӣ, ё ин ки 82,4 фоизро ташкил намудааст.

Мутассифона ба ҳолати 01 январи соли 2019 қарзи умумии пардохти барқ 13,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки корбарӣ нисбат ба кам кардани он идома дорад.

Дар маъруза муовини якуми раиси ноҳия Д. Зоҳидзода соҳаи саноати ноҳияро ба риштаи таҳлил кашида, иброз дошт, ки соли 2018 корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи 293,5 миллион сомонӣ, ё ин ки 131,7 фоиз, сектори хусусӣ ба маблағи 83,8 миллион сомонӣ, ё ки 112,9 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 29,2 миллион сомонӣ, ё ин ки 116,9 фоиз маҳсулотҳои саноатӣ истеҳсол карданд. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар маҷмӯъ мувофиқи ноҳия ба маблағи 406,4 миллион сомонӣ, ё ин ки 126,2 фоиз ва мутаносибан ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 84,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар маъруза соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок ва асосии иқтисодиёти ноҳия қайд гардида, кишоварзони ноҳия дар соли 2018 дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 586,5 миллион сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намуданд.

Дар ин давра дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 2704,2 тонна, ё ки 102 фоиз, шир 16,568 тонна - 101 фоиз, тухм 3,8 миллион дона – 150,9 фоиз таъмин гардидааст.

Тибқи дурнамои пешбинишуда кишти картошка дар давраи ҳисоботӣ 300 гектарро ташкил дода, 4,2 ҳазор тонна ҳосил гирифтанд, ки ин нисбати нақша 2 баробар зиёд мебошад.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд, ки дар афзун намудани иқтидори иқтисодии кишвар такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сармоя аҳамияти хоса дорад.

Дар идомаи маърузаи муовини якуми раиси ноҳия қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар самти ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ чораҳои муассирро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расонид. Аз ҷумла санаи 10 марти соли 2018 Форуми соҳибкорони ноҳияи Спитамени Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳри Бекободи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид. Айни ҳол дар ноҳия бо Мемарандуми якдигарфаҳмӣ намояндагии «Котиботи Байналхалқии захираҳои об» дар Тоҷикистон Лоиҳаи бо оби нӯшокӣ таъмин намудани деҳаи навбунёди Файзободи Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳия ба маблағи 2,5 млн сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Айни ҳол ба ноҳия ба маблағи 3,6 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид карда шудааст.

Дар маъруза инчунин соҳаи маорифи ноҳия мавриди таҳлил қарор гирифт. Маълум гардид, ки соли таҳсили 2017 – 2018 1827 нафар хонандагон синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии ноҳияро хатм намуданд, ки аз онҳо 1137 нафар барои дохил шуданд ба донишгоҳҳои олии кишвар тибқи Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супориданд. Аз ин шумора 666 нафар ба муассисаҳои таълимии олӣ ва 171 нафар ба коллеҷҳо, дар маҷмӯъ 74% ҳуҷҷатсупурандагон ба донишгоҳҳои олии мамлакат қабул шуданд.

Ба ғайр аз ин 62 нафар хонандагон ба донишгоҳҳои олии хориҷи кишвар дохил шуданд ва 16 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи квотаи Президентӣ таҳсилро идома дода истодаанд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ 2 медали тилло, 1 медали биринҷӣ ба даст оварда, 3 нафар хонанда бо сипосномаи Вазири маориф ва илми Ҷумҳури Тоҷикистон сарфароз шудаанд.

Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3 Аҳрор Исмоилӣ дар олимпиадаи байналмилалӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус ва дар шаҳри Прагаи Чехия ҷойҳои сеюмро ишғол намуд ва ба медали биринҷӣ сазовор гашт.

Тибқи дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ҳар ҳафта рӯзҳои чоршанбе ва шанбе дар МИМҲД-и ноҳия «Рӯзи қабули шаҳрвандон» аз ҷониби Раиси ноҳия гузаронида мешавад.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Раиси ноҳия 409 нафар шаҳрвандон қабул гардиданд, ки нисбат ба соли гузашта ба 111 нафар зиёд мебошад. Муроҷиатҳои шаҳрвандон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳаллу фасл гардиданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни баргузории қабули шаҳрвандон бисёр масъалаҳои мубрами рӯзгори мардум мавриди баррасӣ қарор гирифта, ба ҳалли мусбии онҳо мусоидат карда шуд ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Баъди маъруза раиси ноҳия аз масъулини соҳаи кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, кумитаи замин, роҳбарони корхонаҳое, ки суръати афзоишро таъмин накардаанд ва раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия дар бораи ислоҳи камбудиҳо ва хуб ба роҳ мондани фаъолият дар соли 2019 дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Баъдан роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Қаландарзода М. С., вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Қобилов ва намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Ҳ Ҳакмизода доир ба моҳият ва муҳтавои Паёми Пешои миллат, баланд бардоштани маҳсулнокии меҳнат ва вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳия назди ҳозирин сухан гуфта, онҳоро ба амалҳои созанда ва бунёдкорона даъват намуданд.

Aanvullende gegevens