Машварати мутахассисон оиди картошкапарварӣ

hukumat24 январ дар маҷлисгоҳи МИМҲД-и ноҳияи Спитамен машварат оиди картошкапарварӣ баргузор гардид. Чорабиниро раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим кушод.

Дар ин машварат раисони Ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, АИО, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд. Ҷонишини раиси вилояти Суғд Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар ин чорабинӣ иштирок карда, роҷеъ ба моҳияти картошкапарварӣ баромад карда, ҳадафи баргузории машваратро баён намуд.

Сипас, Р. Раҳимов, директори маркази илми кишоварзии вилоят Б. Домуллоев, директори филиали маркази такмили ихтисоси кормандони комиссияи агросаноати вилоят, Д. Бобоев, муовини директори маркази илми кишоварзии вилоят, баромад карда, дар бораи роҳҳои самараноки картошкапарварӣ назди иштирокчиён маърӯза карданд.

Маърӯзаҳо бо тарзи слайд боз ҳам шавқовар гузаштанд. Дар анҷом раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим барои машварати муҳим ва маслиҳатҳои судманд ба мутахассисони соҳаи кишоварзӣ арзи сипос кард.

Aanvullende gegevens