Имкониятҳо самаранок истифода мегарданд

30 январи ҷорӣ дар толори хурди маҷлисгоҳи МИМҲД-и ноҳияи Спитамен нишасти хабарӣ бо кормандони васоити ахбори омма, ки дар он хабарнигорони ВАО-и вилоят ва ноҳия иштирок карданд, баргузор шуд.

Дар нишасти матбуотӣ намояндаи МИҲД-и вилояти Суғд Абдуҷабборӣ Абдуфаттоҳ, ҳамчунин муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бахшҳои маорифу танду-рустӣ, фарҳангу иҷтимоӣ иштирок карданд.

Нишастро мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Спитамен Ботуралӣ Ашӯралиев ифтитоҳ бахшид.

Муовини раиси ноҳия Илҳом Саидзода назди кормандони васоити ахбори омма роҷеъ ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019 ҳисоботи мухтасар дод.

Хабарнигорони ВАО-и вилоят ва маҳаллӣ ба муовини раиси ноҳия доири масъалаҳои гуногуни ҳаёти ноҳия, аз ҷумла доир ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, таҷдид намудани новаҳои бетонии роҳи марказии ноҳия, тадбирҳои навсозии мавзеъҳои сайёҳии ноҳия, обуна ба нашрияҳо, сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳо суолҳо дода, посухҳои қонеъбахш гирифтанд.

Дар поёни нишасти матбуотӣ сармуҳаррири ҳафтавори “Паёми Спитамен” Фирӯз Атозода ба унвони раиси ноҳия Сулаймонзода Акрам Раҳим ва МИМҲД-и ноҳия барои таваҷҷуҳи доимӣ ба нашрия ва дастгириҳои молиявӣ барои таъмири идора, гирифтани ноутбук изҳори миннатдорӣ намуда, минбаъд боз ҳам баланд бардоштани мазмуну мундариҷа ва сифати нашрия ибрози назар кард. 

Муовини раиси ноҳия нишасти матбуотиро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки МИМҲД-и ноҳия ҳамеша бо рӯзноманигорон иртиботи қавӣ ба роҳ монда, дар роҳандозӣ намудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушд ва шукуфоӣ, вусъати амалҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҳамаи имкониятҳо самаранок истифода хоҳад кард.

Хадамоти матуботи
Раиси ноҳияи Спитамен


Aanvullende gegevens