Баррасии масъалаҳои муҳим

Санаи 4 феврали соли 2019 дар толори хурди МИМҲД-и ноҳия таҳти раёсати раиси ноҳияи Спитамен Сулаймонзода Акрам Раҳим маҷлиси назоратӣ баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовинони раиси ноҳия, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи раиси ноҳия, раисони Ҷамоатҳо, роҳбарони ташкилот ва муассисаҳо, комиссари ҳарбӣ ва шахсони масъули даъват иштирок доштанд.

Дар ҷаласа нахуст ҳисоботи мудири бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия  М. Муҳаммадӣ дар соли гузашта ва дастовардҳои варзишгарони ноҳия шунида шуд.

Раиси ноҳия доири вусъат бахшидан барои корҳои бунёдкорӣ ва сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои Ҷамоатҳо, ташкил намудани мусобиқаҳои варзишӣ, омода намудани варзишгарони ноҳия барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфуз ва фароҳам овардани шароит барои машқу тамрини дастаи футболи ноҳия  супориш дод. Ҳамчунин, дар ҷаласа пешниҳоди прокурори ноҳия оиди ба иҷора супоридани иншоотҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Баъди баррасии масъалаҳо раиси ноҳия ба масъулини соҳаҳо вазифагузориҳо намуд, ки истифода аз боду ҳавои мусоид корҳои кишоварзӣ, бунёдкорӣ ва ободониро дар ҳамаи минтақаҳо вусъат бахшанд. Инчунин, раиси ноҳия ба роҳбарони  масъул, раисони Ҷамоатҳо, комиссариати ҳарбӣ дастуру супориш дод, ки аз фурсати мусоид истифода бурда, корҳои таблиғотӣ ва ташвиқотиро дар самти баланд бардоштани рӯҳияи ҷавонон барои хизмат ба Ватан ва даъвати баҳоронаи        наваскаронро  тақвият бахшанд.

Aanvullende gegevens