Рӯзи Модар ботантана таҷлил гардид

Тибқи нақшаи чорабинии тасдиқгардида санаи 7 марти соли 2019, соати 1000 дар тарабхонаи “Навбаҳор”, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Сарбанд чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар баргузор гардид, ки дар чорабинӣ янчанд нафар занон ва модарони фаъолу барӯманди ноҳия иштирок намуданд.

Сараввал Раиси ноҳияи Спитамен муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим ба сухан баромада, кулли модарон, занон ва духтарони ноҳияро ба муносибати Рӯзи Модар табрик намуд.

Сипас намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Бахтиёр Эҳсонзода табрикоти Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Рӯзи Модар қироат намуд.

Ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ, занони барӯманди ноҳия туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия супорида шуд.

Пас аз ба охир расидани суханрониҳо ва табрикот аҳли фарҳанг ва ҳофизони театри давлатии мусиқӣ – драмавии ӯзбекии ба номи Ш.Бурҳонови ноҳия бо суруду таронаҳои дилнишини худ табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Хадамоти матбуоти
ноҳияи Спитамен

Aanvullende gegevens